logo

сиёсат

ЯК ҶАЛАСАИ МУҲИМ

Азим Иброҳим, муовини Сарвазири мамлакат, дар ҷаласаи навбатии ситод доир ба масъалаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳии пойтахт барои солҳои 2017 - 2018 таваҷҷуҳи масъулони вазорату идораҳои дахлдор ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанберо ба рафъи камбудиҳо ва дар муҳлатҳои муайянгардида анҷом додани корҳо ҷалб намуд.

Тибқи маълумоти муассисаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳр, шумораи умумии биною иншооте, ки ба онҳо имконияти интиқоли гармӣ вуҷуд дорад, 1530 ададро ташкил медиҳад. Шумораи муштариёни  шабакаҳо соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта беш аз 11 ҳазор  ё  33,2 дарсад зиёд мешавад. Иншооте, ки аз дегхонаҳои маҳаллӣ гармӣ мегиранд, ба ҳисоби муштариён шомил нестанд.
Азим Иброҳим таъкид намуд, ки омодагиҳои таъмини гармӣ асосан ба вазъи кор дар ноҳияи Сино вобастагии калон доранд. Дар ноҳия ҳам шумораи муштариён ва ҳам мушкилоти шабакаҳои интиқоли гармӣ зиёд мебошанд. Аз ин рӯ, ёрии муассисаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе ва зерсохторҳои ШСХК «Барқи тоҷик» ба  ноҳия хеле зарур аст.
- Мутаассифона, баъзе нишондиҳандаҳои соли қаблӣ хеле нигаронкунандаанд. Аз ҷумла, аз шумораи умумии муштариёни банақшагирифташуда, ҳамагӣ 42,7 дарсад пурра бо гармӣ таъмин гардиданд. 45,4 дарсади муштариён қисман бо гармӣ таъмин буданд ва 12 дарсад умуман гармиро истифода набурданд. Интизориҳои таъмин намудани сокинони пойтахт бо гармӣ, ки бояд ба кам гардидани истифодаи неруи барқ оварда мерасонд, фақат қисман амалӣ шуд, - иброз дошт Азим Иброҳим.
Ба гуфтаи Ҳайдар Гулаҳмадов, муовини аввали раиси ноҳияи Сино, ҳаҷми корҳои иҷрошаванда дар самти пайвастшавӣ ба системаи гармӣ зиёданд. Соли сипаригардида беш аз 600 иншоот ба системаи гармӣ пайваст шуд ва 584 иншоот соҳиби шиносномаи техникӣ гардид.  Дар баъзе биноҳо бо айби сокинон гармӣ нагузаронданд. Ба пиндори онҳо қубурҳое, ки дар хона ва таҳхонаҳоянд бояд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ё ноҳия маблағгузорӣ шаванд. Бо роҳи тарғибу ташвиқ борҳо ба онҳо фаҳмондем, аммо боз интизори кумак шуда, бе гармӣ монданд. Гузарондани қубурҳои обгузар аз муассисаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе то назди биноҳои истиқоматию муассисаҳо аз ҷониби идораҳои масъул сурат мегирад, боқӣ вазифаи худи сокинон аст. Алҳол, сокинон баъди фаҳмондадиҳӣ барои иҷрои уҳдадориҳояшон талош карда истодаанд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2017    №: 83    Мутолиа карданд: 270

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Ванҷ. Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

ХАТЛОН. Ба ҳунар арҷ мегузоранд

ИШКОШИМ. Беморон таҳти назорат қарор доранд

Хадамот ба буҷети мамлакат 92799, 26 сомонӣ ворид намуд

"ТОҶИК – ЭЙР". Камбудиҳо бартараф мешаванд

АГЕНТИИ ОМОР. Пешниҳоди шакли нави ҳисоботи ҷойҳои кории навтаъсис

Шералӣ Сиддиқзода: "Шароити муосири таҳсилро фароҳам меорем"

Агентӣ 1980 ҷинояти коррупсиониро ошкор кард

Бекоршавии ақди никоҳ аз мушкилоти мубрам боқӣ мемонад

14.02.2018


ҲИСОР. Аз таъмини дурнамои пахта то иҷрои барзиёди даромади буҷет


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед