logo

ҳуқуқ

ҒУЛОМИ НАФС. ДАР БОРАИ МАНСАБДОРОНЕ, КИ БИНОБАР ТАСАРРУФИ 18 МИЛЛИОН СОМОНӢ МУҶОЗОТ ШУДАНД

Суди шаҳри Душанбе таҳти раисии  Асомуддин Бобохонзода, муовини раиси суди шаҳр, баррасии парвандаи ҷиноятиро оид ба азонихудкунии   маблағҳои махсусан калони буҷетӣ, зимни сохтмони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», нисбат ба собиқ сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров ва ҳафт ҳаммаслаки ӯ ба анҷом расонд.

Дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян карда шуд, ки Саидшариф Анваров дар вазифаи сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, Фазлиддин Маҳмудов раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикколхозсохтмон», Фирӯз Раҳмонов муовини раиси ҳамин иттиҳодия, Қосим Фатҳуллозода директори ҶДММ «Саманд-2010», Олим Саидов директори ҶДММ «ПМК-278», Олимхӯҷа Маҷидов сардори шуъбаи корхонаи мазкур, Тоҳирҷон Мирзоҷонов директори ҶДММ «Хонасоз - 4» ва Тоҳир Тағоев ба сифати директори ҶДММ «Жилстрой» кор карда, дар ҷараёни сохтмон ба азхудкунии маблағҳои буҷетӣ ба миқдори махсусан калон даст задаанд. Зимни баррасии парвандаи ҷиноятӣ суд муайян кард, ки дар вақти сохтмони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», ки аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маблағгузорӣ шудааст, судшавандаҳо Саидшариф Анваров ва Фазлиддин Маҳмудов   ба маблағи 16 миллиону 769 ҳазору 363 сомонӣ, Олим Саидов ва Олимхӯҷа Маҷидов 750 ҳазор сомонӣ, Тоҳир Тағоев 445 ҳазор сомонӣ, Қосим Фатҳуллозода 382 ҳазор сомонӣ ва Тоҳирҷон Мирзоҷонов 273 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз 18 миллион сомониро тасарруф намудаанд.
Судшавандаҳо дар рафти санҷиши фаъолияти молиявии ин корхонаҳо аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сохтмони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо маслиҳати пешакӣ ба шахси мансабдори агентии мазкур барои анҷом додани амали ғайриқонунӣ ба фоидаи онҳо 448 ҳазору 700 доллари амрикоӣ ҳамчун пора пешниҳод кардаанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ кормандони агентӣ муовини раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикколхозсохтмон» Фирӯз Раҳмоновро дар вақти додани пора ба маблағи 448 ҳазору 700 доллар дар ҷойи ҳодиса дастгир карданд. Дар мурофиаи судӣ зикр гашт, ки ҷиноятҳои содиркардаи шахсони номбурда дар мурофиаи судӣ бо нишондодҳои худиқрории судшавандаҳо, санадҳои санҷишии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, хулосаҳои экспертизаҳои комплексии судӣ, протоколҳои амалиёти мурофиавӣ ва бо дигар далелҳо тасдиқ гардидаанд.
Ба гуфтаи Асомуддин Бобохонзода, муовини раиси суди шаҳри Душанбе, дар ҷараёни тафтиши пешакӣ зарари молиявӣ ба маблағи 9 миллиону 462 ҳазору 785 сомонӣ барқарор карда шуд. Ҳамчунин, бо қарори роҳбари гурӯҳи тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ оид ба тасарруфи зиёда аз 24 миллион сомонӣ маблағи буҷетӣ, ки барои сохтмони ҳамин иншоот равона гардидааст, ба пешбурди алоҳида ҷудо шуда, тафтишот идома дорад.
Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров ва Фазлиддин Маҳмудов барои иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, азонихудкунӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ё аз уҳдадорӣ озодкунанда, додани пора ба шахси мансабдор барои аз ҷониби ӯ анҷом додани ҳаракати ғайриқонунӣ  гунаҳкор дониста, ҷазои ниҳоии 18 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо кардани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар хидмати давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, инчунин, машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорию ҷавобгарии моддидошта  ба муҳлати панҷ сол таъйин карда шуд. 
Олим Саидов бо моддаҳои 245 қисми 4, банди «б», 340 қисми 2, бандҳои «а», «б», 320 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 11 ҳазору 500  нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 460 000 сомонӣ ба фоидаи давлат,  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати панҷ сол  татбиқ гардид. Суд Олимхӯҷа Маҷидовро барои азонихудкунӣ, тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 2 000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 80 000 сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати ду сол таъйин кард.  Тоҳирҷон Тағоев барои суиқасди азонихудкунӣ, тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда, додани пора гунаҳкор дониста шуда, дар ҳаҷми 10 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 408 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат,  муҷозот шуд.
Директори ҶДММ «Саманд-2010»  Қосим Фатҳуллозода барои суиқасди азонихудкунӣ, тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда, додани пора гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷарима ба андозаи 11 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 460 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат, муайян карда шуд. Тоҳирҷон Мирзоҷонов барои азонихудкунӣ, тасарруфи молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, сохтакории ҳуҷҷатҳо, додани пора ба шахси мансабдор гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷарима ба андозаи 10 000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 400 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати чор сол таъйин карда шуд.  Фирӯз Раҳмонов бо моддаи 320 қисми 2 (додани пора ба шахси мансабдор барои аз ҷониби ӯ анҷом додани ҳаракати ғайриқонунӣ)  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол, бо адо кардани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр, аз озодӣ маҳрум гашт.
- Далели шайъӣ ба маблағи 448 700 доллари амрикоӣ, ки судшавандаҳо ҳамчун пора ба кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода буданд, ба фоидаи давлат мусодира шуд,- иброз дошт Асомуддин Бобохонзода.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2017    №: 86    Мутолиа карданд: 208

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед