logo

фарҳанг

БО ҚУЛЛАҲО ҲАМДӮШ

Ҳунарманди асил ба дигарон ҳеҷ монандие надорад. Дар ҳар амали ӯ нақши усулу андешаронии фардияш баръало аён мегардад, ки бешубҳа, аз шахсияти бузург ва нотакрор буданаш дарак медиҳад. Ҳамин гуна фардияти нотакрор, ҳунарманди соҳибсалиқа Ҳошим Гадоев мебошад, ки ин баҳор ҳамагон 80 – солагии мавлудашро ҷашн мегирем.

Соли 1961 ба ҳайати Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ хатмкунандагони студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва, ки ба он профессорон Олга Пижова ва Борис Бибиков роҳбарӣ мекарданд, шомил гардиданд. Дар он замон аксари ҳунарпешагони номии насли аввали театри тоҷик ба саҳна намебаромаданд. Фарқияти байни наслҳо кори эҷодии театрро мушкил ва садди роҳи пешравии он гардида буд. Ҳунармандони ҷавон ба фазои театрии тоҷик насими тоза ворид намуданд. Байни онҳо Маҳмуд Воҳидов, Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов, Марям Исоева, Тамара Абдушукурова ва Мукаррама Камолова бо ҳунари хеш афзалият доштанд. Хусусан, Ҳошим Гадоев, ки худро бо иҷрои нақши Тарталя дар намоиши дипломиаш «Шоҳ – Гавазн» аз рӯи асари адиби итолиёвӣ Карло Готси ҳамчун ҳунарманди ба таври таҳлилӣ созмондиҳандаи нақш нишон дода буд, ба дили тамошобинон зуд роҳ ёфт.
Дар Театри Лоҳутӣ зина ба зина маҳорати ӯ сайқал ёфта, паҳлуҳои нави истеъдодаш ошкор гардиданд.
Пеш аз он ки Ҳошим Гадоев бо ҳамсабақонаш ба ҳайати овозадори театри ба номи Лоҳутӣ шомил шавад, як сол дар театри драмавӣ – мусиқии ба номи Пушкини Хуҷанд кор кард. Маҳз дар ҳамин давра лаёқати таҳиягарии ӯ ошкор гардид. Асарҳои ба саҳна гузоштааш  «Иҷорашин» - и Файзулло Ансорӣ, «Бемории ногаҳонӣ» - и Ҳоҷӣ Содиқ ва «Ишқи араб» - и Проспер Мериме ба тамошобинон хеле хуш омада, қадамҳои худи ҳунарпешаро дар ҷодаи ҳунар устувор гардонданд. Нақши Ҳоҷӣ Нуъмон аз асари «Ишқи араб» майли ӯро ба бозгӯи нави асарҳои таърихӣ баръало нишон дод. Намоишҳои ҳунарпешагони ҷавон ба барномаи театри Лоҳутӣ ворид шуда, писанди тамошобинон гаштанд.  Ҳошим Гадоев орзу мекард, ки дар асари мукаммали ҳозиразамон нақши қаҳрамони асосиро иҷро намояд. Соли 1962 дар асари драмматурги тоҷик Ғанӣ Абдулло – «Суруди кӯҳсор» дар нақши композитори ҷавон - Содиқ ҳунарнамоӣ карда, нишон дод, ки дар офаридани нақшҳои ҳамзамонон низ эҷодкорона муносибат менамояд.
Таҳсил дар Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарский муҳаббати Ҳ. Гадоевро ба осори пурғановати классикаи ҷаҳонӣ, махсусан асарҳои безаволи Софокл, Шекспир ва Шиллеру Островский ва дигарон бедор кард. Нақши Порис аз рӯйи асари «Ромео ва Ҷулетта» - и Вилям Шекспир баръало нишон дод, ки ҳунарманд метавонад дар нақшҳои дуюмдараҷа низ равиши мантиқии инкишофро дарёфта, бо маҳорати хеш, қаҳрамонашро аз рӯйи аҳамият бо қаҳрамонони асосӣ ҳампаҳлу гузорад.
Вақте ба Ҳошим Гадоев иҷрои нақши Фердинандро аз намоиши «Макр ва муҳаббат» - и Шиллер пешниҳод намуданд, ӯ бо камоли майл розӣ шуд. Намоишро профессори санъатшиноси олмонӣ Алфред Курелла тамошо намуда, дар саҳифаи рӯзномаи «Маориф ва маданият» чунин ибрози ақида намуд: «Шиллер бо рӯҳи зинда ва меҳру муҳаббат ба ояндаи дурахшон зинда буд. Ӯ ба ҷамъияти он давра фикрҳои гумманистӣ ва  инсондӯстии худро талқин мекард, ахлоқ ва одоби инсони хубро ба макру фиреби ҷомеаи феодалӣ муқобил мегузошт.
Ҳамаи ин хислатҳоро ҳунарпешагони тоҷик хуб дарк кардаанд. Онро чӣ ба саҳна гузоранда ва чӣ ҳунарпешагон, хусусан артисти ҷавон Ҳошим Гадоев нағз фаҳмидаанд. Дар шахси ин ҳунарпешаи ҷавон театр соҳиби актёри боистеъдод мебошад, ки ояндаи дурахшон дорад».
Дар барномаи Ҳошим Гадоев нақшҳои одамони синну сол ва давру замонҳои гуногун хеле зиёданд. Аз ҷиҳати мавқеи ҷамъиятӣ, дарку фаҳмиши воқеаҳо, баҳодиҳӣ ва ҳодисаҳо низ фарқи калон доранд. Табиати хислати онҳо гуногун буда, дар аксари ҳолатҳо ба ҳам муқобил меистанд. Офариниши ин гуна нақшҳо аз ҳунарманд омӯзиш ва такмили пайвастаи маҳоратро талаб менамояд.
Нақши Суҳроб аз намоиши «Рустам ва Суҳроб» - и Ғанӣ Абдулло, ки яке аз нақшҳои дӯстдоштаи ҳунарманд мебошад, дар асоси омӯзиши жарфи маводи таърихӣ офарида шудааст. Симои зебои зоҳирӣ, болои баланд, истифодаи нишонраси амалиётҳои актёрӣ ба ӯ имкон доданд, ки нақши хотирмоне офарад.
Афросиёби офаридаи Ҳошим Гадоев  хеле шахси мураккаб ва то андозае аз ҷиҳати табиати хислат пуртаззод буд. Дар бозии худ ҳунарманд ҷузъиёти ҳамосавию драмавиро тавъам истифода бурда буд, ки ба нақш симои мукаммалгардида бахшидаанд. Аз ин ҷост, ки мунаққидон барҳақ бар асар тезутундӣ бахшидани Ҳошим Гадоевро қайд намуда буданд. Ба қатори муваффақиятҳои ҳунарманд метавон нақши шоҳи дигар Насрро низ аз намоиши «Рӯдакӣ» - и Сотим Улуғзода (ба саҳнагузоранда Ефим Исаевич Мителман) дохил намуд. Мунаққидони санъати театрии Москва соли 1973 ба ин нақши ҳунарманд баҳои баланд дода, «мо симои ҳақиқии шоҳи шарқиро дидем», - гуфта буданд.
Шоири бошқирд Мустай Карим дар фоҷиаи «Шаби гирифтани моҳ» ҳодиса ва падидаҳои айёми пешини халқи худро, ки аз бисёр ҷиҳат бо ҳаёти асримиёнагии тоҷикон монандӣ дорад, хеле самимона тасвир кардааст. Дар намоиши театри тоҷик достони ишқи Оқйигиту Забарҷад ҳамчун ривояти шӯрангезе офарида шудааст. Ҳошим Гадоев дар намоиши таҳиянамудаи  Ҳоҷиқул Раҳматуллоев  нақши Девонаро офарид. Ӯ «бо бозии аълои худ образи Девонаро ба яке аз симоҳои маркази спектакл табдил дод», - навишта буд санъатшинос Л. Винокурова. 
Нақши Иброҳимбек аз намоиши «Тӯфон» - и Ғанӣ Абдулло ва Шамсӣ Қиёмови Театри русии ба номи Владимир Маяковский бори дигар нишон дод, ки Ҳошим Гадоев метавонад аз маводи таърихӣ дуруст ва эҷодкорона истифода барад. Иброҳимбек гарчанде ба мағлуб шудани худ тан дода бошад ҳам, ҳамоно хеле хатарнок аст. Хатари асосию таҳдидкунандааш ақлу заковати зотии ӯст. Чӣ Иброҳимбек ва чӣ Темурланг (аз «Қиссаи модар»- и Максим Горкий) дар баробари шабеҳияти зоҳирию ба воқеияти таърихӣ наздик буданашон, кӯшише бар он ҳастанд, ки шахсони таърихӣ бояд бе таҳрифи сиёсӣ нишон дода шаванд.
Нақшҳои дигари офаридааш, аз қабили Дон Жуан (аз «Фоҷиаҳои хурд» - и А. С. Пушкин), Курт Шумахер («Купрук» - и Фотеҳ Ниёзӣ), ҷосуси англис Ризо («Орзу»  - и Меҳрубон Назаров) зинаҳое буданд, ки ӯро ба сӯи қуллаҳои баланди маҳорат бурданд. Яке аз комёбиҳои театри тоҷик намоиши «Табиби бузург» - и С. Улуғзода ва В. Виткович гардид. Онро соли 1980 бахшида ба 1100 – солагии зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино Феликс  Тошмуҳаммедов дар саҳнаи Театри ба номи В. Маяковский таҳия намуд. Нақши Синои дар ин намоишнома офаридаи Ҳ. Гадоев дили тамошобинонро тасхир намуд.
Иҷрои  нақши Ҳамлетро Ҳошим Гадоев аз овони донишҷӯӣ орзу мекард. Ҳангоми дар донишкадаи санъати театрӣ таҳсил карданаш пораҳои алоҳидаи онро иҷро ҳам карда буд. Аз маҳорати ӯ роҳбари студия Олга Ивановна Пижова ба ваҷд омада, бисёр мехост, ки «Ҳамлет» - ро ба қатори спектаклҳои дипломӣ ҳамроҳ созад.
Н. Детсик «Ҳамлет» - ро ба  саҳна гузошта, пеш аз ҳама, Ҳошим Гадоевро дар нақши асосӣ дар назар дошт. Монологҳои намоишро, ки хеле зиёданд, Ҳ. Гадоев бо маҳорати хоси ҳунармандӣ иҷро намуда, онҳоро ҳамчун зина ба зина кушодани образи Ҳамлет истифода бурдааст.
Асари «Шоҳ Эдип» - и Софокл диққати таҳиягару ҳунарманд Ҳ. Гадоевро пас аз рӯйи саҳна омадани «Ҳамлет» ба худ кашид.
Нақши Эдипро дар иҷрои Ҳ. Гадоев мунаққидон намоёнтарин комёбии фалсафию фоҷиавии ҳунарманд номиданд. Эдипи офаридаи ӯ шахси хеле оқилу доно, ҷиддиву масъулиятшинос пеши назар ҷилвагар мегардад. Байни мардум сазовори боварӣ ва эҳтироми бепоён аст. Ӯ оромона назди халқ баромада, онҳоро аз назар мегузаронад ва бо қатъияти ба худ хос ба онҳо ваъда медиҳад, ки ҳатман қотили Лайро дарёфт намуда, аҳли Фивро аз бадбахтӣ наҷот мебахшад. Дар ин роҳ ӯ ҳатто тайёр аст, ки ҷони худро низ қурбон намояд. Ҳамин тавр, гумон накарда, Эдип оқибати фоҷиаангези тамоми равиши ҳодисотро бар зидди худ равона месозад. «Шиддатнокии баланди драмавии нақшро ҳунарпеша аз ҳолати оромии рӯҳӣ, андешамандӣ ва худдориҳояш дар аввали намоиш оғоз намуда; азоби расидан ба худогоҳии фоҷиаборро дар лаҳзаҳои тезу тунди драмавӣ ва худфошкунии бераҳмонаю худтанқидкунӣ дар саҳнаҳои кулминатсионӣ ва билохира, то катарсис – покизагии маънавӣ оварда мерасонад», - қайд намудааст яке аз мунаққидон дар бораи ин нақши ҳунарманд.
Соли 1999 дар ҷумҳурӣ 1100 – солагии Давлати Сомониён ботантана  ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат Театри Лоҳутӣ намоиши Меҳмон Бахтӣ «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» - ро рӯйи саҳна овард. Таҳиягари он  Фаррух Қосимов барои иҷроиши нақши Исмоили Сомонӣ Ҳошим Гадоевро даъват кард. Ҳунарпешаи мумтоз баъди танаффуси дуру дарози эҷодӣ дар нақши нав боз маҳорати том зоҳир намуда, образи муҳташам офарид.
Як қисмати бузурги фаъолияти Ҳошим Гадоевро режиссура ташкил медиҳад.  Ӯ аз соли 1961 ба он шуғл варзида, дар Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд «Иҷоранишин» - и Ф. Ансорӣ, «Ишқи араб» - и Проспер Мериме, дар Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи А. Лоҳутӣ пйесаҳои якпардагии «Фоҷиаҳои хурд» - и А. Пушкин (1966), «Эзоп» - и Г. Фигейреду (1971), «Интихоби домод» - и Ҳ.Содиқ (1973), инсенировкаи ҳикояҳои А. П. Чехов (1978), «Эдип» - и Софокл (1977, 1985), «Исёни арӯсон» - и С. Аҳмад (1983) ва ғайраҳоро ба саҳна гузоштааст.
Ҳунарманд  барои иҷрои нақши  Суҳроб  дар  филми  «Рустам ва Суҳроб» сазовори Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва барои таҳияи намоиши «Эдип» барандаи  Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ гардидааст. Профессор Ҳошим Гадоев, ҳамчунин  барандаи ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳунар «Аноҳита» мебошад.
Барои хизматҳои шоёнаш дар рушди санъати тоҷик бо   ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» мукофотонида шуда, унвонҳои олии Артисти халқии СССР ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро доро мебошад.  
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2017    №: 94    Мутолиа карданд: 389

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед