logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар калонтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон - Неругоҳи барқи обии Роғун ба ин шаҳр ташриф оварданд. Пазироии меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи саҳни Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии Роғун" сурат гирифт.
Сипас, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳ аз ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншооти азими аср  шинос шуда, бо ҳайати муҳандисону кормандони техникии иншоот мулоқот карданд.
Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолати имрӯзаи мавзеи бандубасти маҷрои дарё ва ҷараёни  бунёди пешдарғоти болоӣ оғоз ёфт.
Тавре ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ҳаҷми умумии корҳои пешдарғот 2,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Пас аз иваз кардани маҷрои дарё, аз ҷониби ширкати “Салини Импреҷило” бештар аз 2 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағалмаводи пешдарғот хобонда шудааст. Айни ҳол дар як шабонарӯз аз 23 то 26 ҳазор метри мукааб маводи сарбанд ба пешдарғоту дарғоти навбати аввали неругоҳ рехтаву мустаҳкам карда мешавад.
Тибқи иттилои масъулони НБО Роғун, ҳамзамон бо иҷрои корҳои заминӣ, васлу насби асбобҳои санҷишӣ - ченкунӣ низ амалӣ мегардад. Хабар дода шуд, ки то ба имрӯз дар сарбанди неругоҳ 47 адад асбоби санҷишӣ - ченкунӣ васлу насб гардидааст. Лоиҳа ва технологияи сохтмони пешдарғот талаб мекунанд, ки дар бунёди он 32 ҳазору 200 метри мураббаъ масолеҳи сохтмони геомембрана, ки дар кишварҳои Аврупо истеҳсол карда мешавад, ворид карда шавад. Геомембрана дар қисмати пеши дарғот қисм - қисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар маводҳо ва қабатҳои ҳимоявӣ насб карда мешавад, ки барои нагузаштани об пешбинӣ шудааст. Айни замон корҳои васлу насби геомембрана дар сарбанд идома дошта, то ба имрӯз ба масоҳати зиёда аз 18 ҳазор метри мураббаъ пурра васлу насб гардида, пайваст кардани дарзҳо идома дорад. Хобондани ин мавод, ки зиддиполоишӣ мебошад, имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад. Дар Тоҷикистон ин таҷрибаи аввал мебошад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо муҳандисону сохтмончиёни НБО Роғун  дастур доданд, ки қабл аз ҳама ба сифат ва таъмини бехатарӣ аҳамият зоҳир намоянд, зеро ин кохи нур ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ҳар як сохтмончиву муҳандис дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми дигар кардани маҷрои дарёи Вахш дар санаи 29 - уми октябри соли 2016 сармашқи кор қарор дода, бобати дар муҳлати муайяншуда ба сомон расондани корҳои асосӣ ба хотири мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи аввали ин иншоот имконоти мавҷударо мақсаднок истифода мебаранд.
Баъд аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қисматҳои алоҳидаи пешдарғоти НБО Роғун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаи корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т - 22 шинос шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т - 22 ба итмом расида, дар маҷмӯъ корҳои нақбканӣ 157 286 м3, дар ҳаҷми 32 865 метри мукааб хобондани бетони конструктивӣ иҷро гардидаанд. Айни замон кашондани сангу шағал ба воситаи нақби мазкур барои бунёди пешдарғот идома дорад. Дарозии нақби мазкур дар маҷмӯъ (Т - 22, Т - 22I ва Т - 22II) 600 метри тӯлонӣ мебошад.
Сатҳу сифат ва суръати корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун мувофиқи нақшаи пешбинишуда ҷараён дорад ва рағбату дилгармии диловарони Роғунро, ки теъдодашон имрӯз наздик ба 14 ҳазор нафар мерасад, таваҷҷуҳи доимӣ ва сафарҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиш додааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2017    №: 94    Мутолиа карданд: 270

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед