logo

сиёсат

ШИНОСОИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО РАФТИ КОРҲО ДАР НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН

10 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати сеюм, ки аз иншооти асосии Неругоҳи барқи обии Роғун ба шумор меравад, шинос шуданд.
Нақби мазкур 1 ҳазору 794 метр дарозӣ дошта, дар як сония имконияти гунҷоиши 3 ҳазору 500 метри мукааб обро дорад. Нақби сохтмонии қабати сеюм ҳамчун нақби обпарто асосан барои танзими оби обанбори неругоҳ дар ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла дар вақти баланд шудани сатҳи дарёи Вахш истифода карда мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз қитъаи бунёди дарвозаҳои таъмирӣ - садамавӣ, ки дар қисмати даромадгоҳи нақби мазкур воқеъ аст, барои анҷоми саривақтии корҳои боқимонда ба масъулони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” ва ширкатҳои пудратӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки бунёди дарвозаҳои таъмирӣ - садамавӣ бо назардошти тамоми талабот ва меъёрҳои ҳозиразамони сохтмонӣ ба пуррагӣ анҷом ёфтааст ва ҳоло корҳо дар иншооти идоракунии дарвозаҳо бомаром идома доранд. Инчунин, дар нақби сохтмонии қабати сеюм аз даромадгоҳ то масофаи 994 метр тамоми корҳо пурра ба итмом расидаанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, бунёди нақби мазкурро барои босуръат идома ёфтани сохтмони сарбанди НБО Роғун, ки аз марҳилаҳои асосии ин иншооти гидроэнергетикӣ ба ҳисоб меравад, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба Неругоҳи барқи обии Роғун ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмону васлгарӣ дар дарвозаҳои асосӣ - садамавӣ ва шафати моилии нақби сохтмонии қабати сеюм шинос шуда, ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Бояд гуфт, ки дарвозаҳои асосӣ - садамавӣ ва таъмирӣ дар ҳолатҳои зарурӣ барои пешгирӣ аз фишори баланди об хизмат мерасонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин нақбҳои амудӣ ва устувории дарвозаҳо ҳамаҷиҳата омӯхта шуда, бо истифода аз варақаҳои махсуси оҳанин бунёд гардидаанд. Дарвозаҳо дар нақби мазкур дар ҳоле истифода мегарданд, ки дар вақти сохтмон ва баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии Роғун дар ҳолатҳои баланд шудани сатҳи оби дарё ва обанбор ба таври автоматӣ кушода шуда, эҳтимолияти ҳолатҳои садамавиро рафъ менамоянд. Дар ин сурат дарвозаҳо кушода гардида, оби зиёдатии обанбор ба дарё ҷорӣ мешавад.
Таъкид шуд, ки моҳона ҳаҷми оҳану филизоти васлу насбгардида дар нақби сохтмонии қабати сеюм ба ҳисоби миёна наздики 400 тоннаро ташкил дода, дар маҷмӯъ ин нишондод ба 4 ҳазору 191 тонна расидааст. Корҳои нақбканӣ ва анкергузорӣ дар шафати моил ва қисмати баромадгоҳи нақб ба охир расида, имрӯзҳо коргарону мутахассисон дар қитъаҳои алоҳида ба арматурбандӣ, бетонрезӣ, корҳои сементатсионӣ машғул мебошанд.
Дар баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то имрӯз дар ҳаҷми зиёда аз як миллион метри мукааб корҳои заминӣ иҷро шудаанд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар нақби мазкур дар асоси ду баст, яъне шабонарӯзӣ идома дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз ҷараёни иҷрои корҳо дар нақби сохтмонии қабати сеюм ва суҳбат бо коргарону мутахассисон таъкид доштанд, ки ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар Неругоҳи барқи обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.

Дар идомаи боздиди корӣ аз Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҷараёни корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ тибқи нақша ҷараён дорад. То имрӯз корҳои хокбардории минтақаи байни бинои хизматӣ - саноатӣ ва бинои дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ ба итмом расида, тадбирҳои бетонхобонӣ ва арматурбандӣ дар зербинои он идома доранд.
Дар ин мавзеъ 4 ширкати сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 300 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ дар 2 баст фаъолият дорад. Баъди пурра ба итмом расидани сохтмони бино оянда дар ин ҷо дастгоҳҳои замонавии пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ насб карда мешаванд. Аз ин дастгоҳҳои муосир неруи барқ ба системаи умумии барқии кишвар пайваст мегардад ва рӯшноию гармии кохи нур - Неругоҳи барқи обии Роғун ба хонадони мардуми Тоҷикистон ворид мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни бунёди бинои дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои арзанда дода, коргаронро ба иҷрои саривақтии он ҳидоят намуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар толори махсуси неругоҳ, ҳамчунин, бо рафти корҳои васлгарии таҷҳизоти генераторӣ шинос шуданд. Дар майдончаи васлгарии таҷҳизоти генераторӣ, ки айни ҳол васлу насби қисмҳои эҳтиётии статор ва ротори гидрогенератори 5 ва 6 амалӣ мешаванд, омодасозии гидроагрегатҳо мутобиқи ҷадвали корӣ идома дорад. То имрӯз корҳои васлкунии таҷҳизоти зарурии иншоот - статор ва ротори агрегати 6 - уми Неругоҳи барқи обии Роғун, ки дар марҳилаи аввали фаъолият истифода хоҳад шуд, бо сифати баланд амалӣ гардида, қисми асосии корҳо иҷро гардидааст.
Аз тарафи мутахассисони васлгар кафшеркунии қисми поёнӣ ва болоии стерженҳо пурра ба анҷом расида, қисми бо оби хунуккунанда таъминкунии стерженҳо пурра кафшер карда шудааст.
Сарвари давлат зимни боздид бо рафти омодасозии генератори рақами 5 низ шинос шуданд. Тавре маълум гардид, дар баробари иҷрои корҳои васлу насби генератори рақами 6, барои ба роҳ мондани корҳои васлу насб дар статори генератори рақами 5, дар майдончаи васлгарии муваққатии толори мошинҳо секторҳои баданаи статори ин генератор ба шакли давра васл карда шуд.
Сарвари давлат дар толори мошинҳои Неругоҳи барқи обии Роғун бо рафти корҳо дар ин минтақаи муҳим - маҳали асосии ҷойгиршавии агрегатҳо шинос шуданд. Дар майдончаи васлгарии таҷҳизоти тавлидкунандаи барқ, ки ҷойи насби агрегатҳо маҳсуб меёбад, корҳо ба таври муташаккилона бо ғайрати дучанди коргарони матинирода идома доранд.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои нақбканӣ, пармакунӣ ва гузоштани анкерҳо дар толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо, ки паҳлуи ҳам ҷойгиранд, бомаром ҷараён дорад.
Толори мошинҳо 220 метр дарозӣ ва беш аз 67 метр баландӣ дошта, дар ин ҷо ҳамаи 6 агрегати тавлидкунандаи барқ насб карда мешавад. Барои устувор гардондани девору сақфи толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо, корҳои пармакунии чоҳҳо барои гузоштани анкерҳо, инчунин, корҳои сементатсионӣ анҷом дода мешаванд.
Сифати корҳо дар толори асосии иншоот ҷавобгӯи талабот буда, тамоми тадбирҳои бунёдӣ, шурӯъ аз омодасозии мавзеъ то ба бетонрезиву анкербандии деворҳо бо низоми хоси сохтмонӣ аз рӯи стандартҳои бехатарии муҳандисӣ амалӣ карда шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо рафти корҳо дар толори мошинҳои неругоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахтаи насосҳои обпарто ва бинои трансформаторҳо ташриф оварданд.
Шахтаи насосҳои обпарто дар ҳудуди бинои трансформаторҳо воқеъ буда, яке аз нуқтаҳои асосии неругоҳ маҳсуб меёбад. Корҳои сохтмонӣ дар шахтаи насосҳои обпарто низ аз рӯи ҷадвали корӣ идома доранд.
Дар бинои трансформаторҳо корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии агрегатҳои 1 - 6 ва хобондани бетони конструктивӣ иҷро шудааст. Дар толори трансфарматорҳо айни ҳол беш аз 100 нафар фаъолият дорад. Дар маҷмӯъ имрӯз дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун наздик ба 14 ҳазор нафар коргарону мутахассисони касбу кори гуногун ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ, ки аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ мутобиқ ба нақшаи муқарраргардида, аз рӯи услуб ва низоми хоси бунёди иншооти гидроэнергетикӣ амалӣ карда мешавад, баҳои баланд доданд ва онҳоро барои анҷоми муваффақонаи тадбирҳо ҳидоят намуданд.

10 май дар доираи боздиди корӣ дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳо дар қитъаҳои гуногуни иншооти муҳим - Неругоҳи барқи обии Роғун бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Сарвари давлат нахуст ба ҳамаи бунёдгарони иншооти тақдирсоз барои заҳмати содиқона ва азму субот баҳри бардоштани пешдарғот ва вусъати корҳои созандагӣ изҳори сипос намуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки неругоҳ дар таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо неруи барқ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши бисёр муҳим мегузорад. Ҳамчунин обанбори неругоҳ барои пешгирии ҳодисаҳои фавқулода, танзими бисёрсолаи истифодаи манбаъҳои оби минтақа, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии миллионҳо гектар заминҳои кишоварзӣ ва азхудкунии садҳо ҳазор гектар заминҳои нав хизмат мерасонад.
Бинобар ин, Сарвари давлат роҳбарону масъулин ва пудратчиёнро вазифадор карданд, ки корҳои сохтмониро бо роҳи пурра сафарбар намудани техникаву таҷҳизот тибқи нақша ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонанд, инчунин, иҷрои саривақтию босифати сохтмонро мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин созанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба рафти иҷрои корҳо баҳри дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додани агрегатҳои аввал ҷалб намуданд.
Зимни суханронӣ оид ба иҷрои корҳо ва нақшаи тадбирҳои бунёдӣ дар иншооти муҳим супориш дода шуд, ки масъалаи харидории таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва масолеҳи сохтмонӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.
 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охири суханронии хеш бо итминон иброз доштанд, ки муҳандисону мутахассисон ва сохтмончиён бо азму иродаи матин ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷрои саривақтиву босифати корҳои минбаъдаро сарбаландона таъмин мекунанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2017    №: 95    Мутолиа карданд: 199
22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед