logo

иқтисод

БОЗОРИ МЕҲНАТ. ЧАРО АЗ УСУЛҲОИ ПЕШҚАДАМ ИСТИФОДА НАБАРЕМ?

«Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва филиалҳои  минтақавии он  дар шаҳрҳои  Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Конибодом ва ноҳияи Тоҷикобод  бо мусоидат ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз  соли 2008 ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Мақсад аз таъсиси  маркази мазкур  барои шаҳрвандони  бекасб, махсусан занону духтарони  хонанишин,  омӯзондани  ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин роҳ соҳибкасб намудани онҳо арзёбӣ мегардад. Хеле хушоянд аст, ки давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ филиалҳои нави марказ дар ноҳияҳои Роштқалъаю   Рӯшон ва намояндагиҳои марказ дар  ноҳияҳои Исмоили Сомонии  пойтахт  ва Рӯдакӣ  низ таъсис дода шуданд.  
Бояд гуфт, ки то имрӯз беш аз 6000 занону духтарони хонанишин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ, дуредгарӣ,  адрасбофӣ,  сабадбофӣ, тоқидӯзӣ, дӯзанда – гулдӯз ва бофанда – порагар  ҷалб гардидаанд, ки аз натиҷаҳои назарраси  ин иқдом шаҳодат медиҳад.  Ҳамчунин, дар марказ, вобаста ба имкониятҳои  мавҷуда, доир ба ихтисосҳои кафшергари барқию  газӣ, ташхис ва таъмири автомобил, таъмири дастгоҳҳои  сантехникӣ, барқчӣ, ихтисосҳои сохтмонӣ, аз қабили хиштчин, андовагар - рангуборчӣ, бетончӣ, арматурчӣ, ки талабот  имрӯз ба онҳо дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ зиёд аст, мутахассисон тайёр карда мешаванд.
- Бозори меҳнати  муосир  ба мутахассисони дараҷаи касбии қавидошта ниёз дорад. Имрӯз бозори меҳнат аз муассисаҳои таълимӣ он мутахассисонеро интизор аст, ки бевосита пас аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддат ба бозори меҳнат ворид шаванд. Ин, албатта, аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ масъулияти баландро талаб мекунад. Ба мо зарур аст, ки ба сифати таълим, дараҷаи касбияти хатмкунандагон аҳамияти хоса диҳем. Бо ин мақсад, моро зарур аст, ки роҳҳо ва усулҳои пешқадами интерактивии таълимро дар ҷараёни касбомӯзӣ истифода барем. Қисми асосии таълим бояд дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар асоси нақшаву барномаҳое, ки дар ҳамкорӣ бо кордиҳандагон таҳия карда шудаанд, ба роҳ монда шавад. Барои қонеъ гардондани талаботи бозори меҳнат ба мутахассисон, пеш аз ҳама, бояд заминаҳои моддию техникиро дар муассисаҳои таълимӣ инкишоф диҳем ва барои касбомӯзӣ омӯзгорони соҳибтаҷрибаро бевосита аз корхонаю ташкилотҳо, донишкадаҳои олии касбӣ ҷалб намоем, - мегӯяд  Шукрулло Саломов,  муовини директори  Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон».
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2017    №: 96    Мутолиа карданд: 315

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед