Хабарҳо
Диққат, ғаллазорро аз сӯхтор бояд ҳифз кард!
Бинобар риоя накардани одитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва бемасъулиятии баъзе шахсони масъули хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ҳар сол садҳо тонна хӯроки дурушти чорво ва ғалладона ҳангоми ғунучин ва кашондан сӯхта нобуд мешавад.
Дар ин бора Нозимҷон Иброҳимзода, сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, генерал - майори хизмати дохилӣ, дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки ҳарчанд кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва воҳидҳои зертобеи он мунтазам тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба пешгирӣ намудани сӯхтор дар иншооти давлатӣ, манзилҳои истиқоматӣ, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва хусусӣ хабару мақолаҳои хусусияти огоҳсозидошта ба табъ расонанд ҳам, баъзе масъулон бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ зоҳир намуда, дастуру ҳидоятҳои нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхторро иҷро намекунанд ва барои ҳифзи боигарии халқ кӯшиш ба харҷ намедиҳанд.
Мувофиқи таҳлили мутахассисони соҳа омилҳои асосии сар задани ҳодисаҳои сӯхтор ин оташбозии кӯдакон дар назди майдонҳои ҳосил, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар муҳаррикҳои комбайну тракторҳо ва дигар техникаи ёрирасон, набудани шарорахомӯшкунакҳо дар дудбарои техникаи ҳосилғундор ва аз муоинаи техникӣ нагузарондани воситаҳои техникии ҷалбгардида мебошад.
Нозимҷон Иброҳимзода тазаккур дод, ки масъулон пеш аз оғози ғунучини ҳосили имсола бояд воситаҳои техникиро дақиқкорона аз санҷиш гузаронда, навоқиси ошкоршударо сари вақт бартараф намоянд. Дар ҷойҳои нигоҳдории хӯроки чорво ва ғалладона маводи зудоташгиранда нагузоранд. Барои роҳ надодан ба сӯхтор ва талафи ғалладонаю хӯроки чорво аз тавсияву дастурамалҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ пайваста истифода баранд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 222