logo

Хабарҳо

Рамазон Абдулатипов: "Халқи тоҷикро дӯст доштам"

Ин китоб дар бораи дӯстии халқҳои Русия ва Тоҷикистон аст. Он аз тақдири муштарак, пирӯзиҳои умумӣ, афкору андешаҳое, ки халқҳоро ба ҳам мепайванданд, қисса мекунад. Ман тайи беш аз се соли сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буданам, халқи тоҷикро дӯст доштам, аз фарҳангаш ба ваҷд омадам. Дар ин муддат соҳиби дӯстони зиёд гаштам ва аз миёни онҳо, пеш аз ҳама, номи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин инсони наҷиб, ватандӯсти ҳақиқӣ, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва дӯсти самимии Русияро дар ҳар анҷуман бо ифтихор ба забон меорам.
Ин матлабро Рамазон Абдулатипов, роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия, зимни муаррифии китоби «Мой таджикский народ» («Халқи тоҷики ман») баён намуд. Дар ҳамоиш, ки 11 май дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ҳайати васеи меҳмонон аз Ҷумҳурии Доғистон, намояндагони сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, олимону донишҷӯён ва воситаҳои ахбори омма баргузор гашт, Рамазон Абдулатипов  сабаби таълифи китоб ва «Халқи тоҷики ман» номгузорӣ шудани онро тавзеҳ дод.
Роҳбари Ҷумҳурии Доғистон зикр кард, ки вақте рубоиҳои безаволи Умари Хайём, ашъори ноби Рӯдакии бузургворро қироат мекунӣ, вақте бахти дидани қадимтарин матнҳои Авасто ба ту муяссар мешавад, чун қиссаи муҳаббату садоқати Юсуф ва Зулайхо, Фарҳод ва Ширин, Лайлию Маҷнунро мешунавӣ, қаҳрамониҳои Рустаму Суҳробро пеши назар меорӣ, магар метавонӣ миллатеро бо ин гуна шоҳкориҳо дӯст надорӣ, ба ӯ арҷ нагузорӣ? Меҳру муҳаббати ман ба Тоҷикистон ва тоҷикон боз дар он зоҳир мегардад, ки худро дар ин сарзамини муқаддас рӯҳбаланду хушҳол, мисле ки дар хонаи худ ҳастам, эҳсос мекунам. Тоҷикистон на танҳо кишвари зебо, балки мардумонаш низ зебо ҳастанд ва хеле меҳрубонанд. Ин халқи тамаддунофарро бояд дӯст дошт.
Китоби «Халқи тоҷики ман», ки аз таърих, фарҳанг, забон, адабиёт, санъат, расму оин, ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик қисса мекунад, аз дувоздаҳ боб иборат буда, бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «ИПК Парето - Принт» - и шаҳри Твери Федератсияи Русия  ба табъ расидааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 147

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад

Дубай калонтарин дар дунё неругоҳи офтобӣ месозад

15.09.2017


Бинои нави дафтари Котиботи байниидоравӣ ба истифода дода шуд

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Солеҳ ибни Абдулазиз

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Туркия

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии World Food Moskov

Нахустин Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад

Рейтинг: сокинони Тоҷикистон дасткушодтар шуданд

Торумори «Давлати исломӣ» фаро мерасад

Сарвазири Малайзия ҳодисоти Мянмаро геносид номид

Дар Остона шаш санад ба тасвиб мерасад

14.09.2017


Баргузории Форуми соҳибкорон ва шарикони рушд

Намоиши мусаввараҳои рассомони тоҷик дар Суғд

Сағирдашт. Захираи алафи табиӣ ба 4200 тонна расид

Зимистон. Дар Мурғоб омодагии ҷиддӣ мегиранд

«Истиқлол» ба марҳилаи финалии интерминтақавӣ Ҷоми КФО – 2017 роҳ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед