logo

Хабарҳо

"Ҷумҳурият": пайравӣ аз Пешво шараф аст!

Озмуни «Пайрави Пешво» ҷамъбаст гардид
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 агар аз як ҷиҳат ҷалби ҷомеа ба ҳалли мушкилоти ҷавонон бошад, аз ҷониби дигар бо мақсади боло бурдани мавқеи онҳо дар ҷомеаи шаҳрвандист. Воқеан ҳам, имрӯзҳо ҳазорон – ҳазор ҷавонони ҳимматбаланд ва масъулиятшинос бо дастгирӣ аз сиёсати суботкорона ва ободгаронаи Сарвари давлат дар рушди соҳаҳои мухталиф шарафмандона заҳмат кашида истодаанд. Дар доираи Соли ҷавонон ва бо мақсади муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» озмуни «Пайрави Пешво» - ро роҳандозӣ намуд, ки он аз 10 феврал оғоз ёфта, то 10 майи соли ҷорӣ идома дошт. Маросими ботантанаи  ҷамъбасти озмун рӯзи 12 май бо ширкати васеи сарварони нашрияҳои марказӣ ва қаламкашон дар толори Маҷмааи  табъу нашри «Шарқи озод» сурат гирифт.
Қурбоналӣ Раҳмонзода,  сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», иброз дошт:  «Ҳадафи асосӣ аз баргузории озмун дар баробари муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат тарғиби саҳми онҳо дар бахшҳои роҳбарӣ, ихтироот, илму технологияҳои навин, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон доштани соли 2017  ҳамчун Соли ҷавонон бори дигар собит сохт, ки  давлат ва Ҳукумати кишвар ба ин неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа эътимоду боварии комил доранд».
Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзнома ва раиси ҳайати ҳакамон, таъкид намуд, ки барои ширкат дар озмуни «Пайрави Пешво» қаламкашони ҷумҳурӣ зиёда аз 60 асари журналистӣ пешниҳод намуданд. Аз миёни онҳо беш аз 20 мавод нашр гардид». Дар озмун ҳам олимону адибони варзида ва ҳам рӯзноманигорони навқалам ширкат варзиданд.
Бо қарори ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон шомил буданд, 11 нафар ширкаткунандаи фаъоли озмун барои нашри матолиби ҷолиб бо «Ифтихорнома» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонда шуд.
Бо роҳандозии чунин як озмун дар мавзӯи муҳим рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ бо ташаббусҳои бунёдкоронааш пайрави воқеии Пешво будан ва дар гул - гулшукуфии кишвар саҳм гирифтану дар тарғиби фаъолияти фарзандони шуҷоатмандаш камари ҳиммат бастанашро бори дигар собит намуд. Аз ҳама муҳим, дар зимни офаридани портрети як гурӯҳи ҷавонони лаёқатманд чеҳраи кулли ҷавонони кишвар низ офарида шуд, ки ба давлату миллати худ содиқона хизмат намуданро рисолати асосии шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандӣ мешуморанд.
Ҷамъбасти озмун нишон дод, ки миёни ҷавонони пештозу созандаи миллат пайравони воқеии Пешвои миллат аксариятро ташкил медиҳанд, ки ин фоли нек ва гувоҳ аз ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз аст.
М. ТАБАРӢ,
Р. КАРИМЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 214

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад

Дубай калонтарин дар дунё неругоҳи офтобӣ месозад

15.09.2017


Бинои нави дафтари Котиботи байниидоравӣ ба истифода дода шуд

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Солеҳ ибни Абдулазиз

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Туркия

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии World Food Moskov

Нахустин Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад

Рейтинг: сокинони Тоҷикистон дасткушодтар шуданд

Торумори «Давлати исломӣ» фаро мерасад

Сарвазири Малайзия ҳодисоти Мянмаро геносид номид

Дар Остона шаш санад ба тасвиб мерасад

14.09.2017


Баргузории Форуми соҳибкорон ва шарикони рушд

Намоиши мусаввараҳои рассомони тоҷик дар Суғд

Сағирдашт. Захираи алафи табиӣ ба 4200 тонна расид

Зимистон. Дар Мурғоб омодагии ҷиддӣ мегиранд

«Истиқлол» ба марҳилаи финалии интерминтақавӣ Ҷоми КФО – 2017 роҳ ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед