logo

иҷтимоиёт

МУОИНАИ ТИББӢ ПЕШ АЗ ХОНАДОРШАВӢ ҲАТМИСТ

Масъалаи маърифати оиладорӣ, ба ҳаёти мустақилона омода намудани ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд беш аз ҳар вақти дигар дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва доираҳои гуногуни ҷомеа қарор гирифтааст. Ин бе сабаб нест. Зеро тайи солҳои охир вайроншавии оилаҳо ва таваллуди кӯдакони маъюб бар асоси никоҳи хешутабории наздик зиёд шуда, боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва оилаи солим аз насли солим ташаккул меёбанд. Яке аз масъалаи муҳиме, ки дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор гирифтааст, пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштани ҷавонон аст. Воқеан ҳам, яке аз сабабҳои асосии пош хӯрдани оилаҳои ҷавон дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, пеш аз барпо намудани оила  вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд. Ба ақидаи мутахассисони соҳа, агар фарзандон пеш аз издивоҷ аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд, бо ин амали худ барои бунёди оилаи хушбахт ва ба дунё омадани кӯдакони солим, ки меваи умри одамӣ мебошанд, заминаи мустаҳкам мегузоранд.
Фотима Ғойибова, корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки вазорат тарҳи «Тартиби гузарондани муоинаҳои тиббии пеш аз издивоҷ» - ро таҳия кардааст. Дар ин санад, дар баробари ташхиси ирсият (генетикӣ) зарурати ҳатмӣ гардондани ташхиси тарафҳои издивоҷкунанда - ҳам арӯс ва ҳам домод - аз бемориҳои ҷинсӣ, ба мисли реаксияи Вассерман (сифилис ё оташак), вируси ВИЧ - ангезандаи бемории СПИД (вируси норасоии масунияти бадан), гепатити В ва флюрография (ташхиси рентгенӣ) ва гирифторӣ ба бемориҳои рӯҳӣ пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад маркази муосири ташхиси генетикӣ таъсис дода шудааст. Ин ҳама муоинаҳои маъмулиеанд, ки бояд гузаронда шаванд ва ҳар ду тараф қабл аз издивоҷ бояд дар бораи вазъи саломатии ҳамдигар иттилоъ дошта бошанд. Инчунин, бояд ҷонибҳо қабл аз никоҳ дар бораи якдигар - одату кирдор, шароити зиндагӣ маълумоти комил дошта бошанд.
- Тартиби гузарондани муои-наҳои тиббӣ пеш аз издивоҷ сирри ташхисро нигоҳ медорад, вале ин дигар ба худи тарафҳо вобаста аст, ки бо натиҷаҳои ташхис чӣ хоҳанд кард. Агар, барои мисол, тарафи домод аз худаш ва саломатиаш дилпур бошад, аз натиҷаҳои ташхисаш тарафи арӯсро ихтиёран огоҳ мекунад. Аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ин маълумот ифшо карда намешавад, - илова намуд Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба роҳ мондани муоинаи тиббии пеш аз хонадоршавӣ ҷавононро водор менамояд, ки қабл аз издивоҷ дар бораи саломатии худ биандешанд, дар интихоби ҳамсар саросема нашаванд, то ояндаи ҳаёти худро бо дасти худ насӯзонанд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 223
26.07.2017


ДУШАНБЕ. Афзалият ба саноат

Буриши ғайриқонунии дарахтон кам гардид

Мақсад - боло бурдани сатҳи зиндагӣ

Маҳсули гармхонаҳо афзуд

25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед