Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Росбалт ру. Намояндаи вижаи СММ Стаффан де Мистура ба иштирокдорони музокироти байнисуриявӣ, ки дирӯз дар Женева оғоз ёфт, баррасии лоиҳаи Конститутсияи кишварро пешниҳод намуд, то ки задухӯрди мусаллаҳона ҳар чӣ тезтар хотима ёбад.
АИР Новости. Сарони ситодҳои генералии кишварҳои НАТО имрӯз дар ҷаласаи навбатӣ масъалаи мубориза бо терроризм, ҳамчунин вазъият дар Афғонистонро муҳокима мекунанд.
ТАСС. Русия ният дорад, ки аз соли 2020 ба содироти технологияҳои нафту газ шурӯъ кунад.
The Wall Street Journal. Ширкати амрикоии автомобилбарории «Форд» бинобар 40 дарсад арзоншавии саҳмияҳояш аз 200 ҳазор кормандаш 10 дарсадашро дар тамоми дунё ихтисор карданист.
Gazeta.ru. Воридоти мол ба Иттиҳоди Аврупо аз Русия дар семоҳаи якуми соли равон 47 дарсад афзуда, ба 39,3 миллиард евро расид.
Interfax.ru. Низомиёни афғон дар музофоти Қундуз вулусволии Қалъаи Золро, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, зери назорати худ баргардонданд.
Regnum.ru. Чин ба сохтори марбутаи СММ барои ёрӣ ба гурӯҳҳои осебпазири Сомалӣ 1 миллион доллар ҷудо мекунад.
Centralasian.org. Дар Қирғизистон 95 дарсади сокинон ба истифодаи телевизиони рақамӣ гузаштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 230