logo

Хабарҳо

Савганди ҳарбӣ дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

Дар Маркази таълимии «Пойтахт» - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл 300 нафар сарбози навдаъватшуда савганди ҳарбӣ ёд кард.

Дар ин маросим, ки бо ҳузури раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Саймумин Ятимов, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал - лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, ҳайати фармондеҳии Маркази таълимии «Пойтахт», намояндагони Федератсияи Русия, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист, падару модарони сарбозон баргузор гардид, ҳамзамон ба 140 хатмкардаи курсҳои кӯтоҳмуддати «прапоршикон» диплом ва рутбаҳои ҳарбӣ дода шуд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зикр кард, ки маҳз ба шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокорию ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии сарбозону афсарон имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот пойдор буда, мардум зиндагии осоишта доранд. Мубориза бар зидди ҳамагуна хатарҳои эҳтимолӣ, бахусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар як афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо менамояд. Таъкид гардид, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ мебошад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар отряди сарҳадии Мурғоб маросими гусели сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо карданд, дар сатҳи баланд сурат гирифт. Роҳбарияти қисмҳои ҳарбӣ ба сарбозон барои хизматҳои шоён миннатдорӣ ва арзи сипос намудаанд. Ин ҳомиёни марзу бум тавассути тайёраҳо ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд интиқол дода шуданд.
С. АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 191

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед