logo

иқтисод

"РӮЗИ САҲРОӢ" ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Дар мавзеи Олимтойи ноҳияи Данғара дар мавзӯи “Технологияи зироаткории сарфаҷӯйии кишти гандуми лалмӣ дар шароити Олимтой”  “Рӯзи саҳроӣ” баргузор гардид.  Сардорони раёсатҳои кишоварзӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишоварзони ғаллапарвари ноҳияҳои Данғара, Фархор, Восеъ, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимон ва  мутахассисони соҳа перомуни вижагиҳои ғаллакории лалмӣ гуфтугӯ карданд.
Нахуст хусусияти хоси мавзеи Олимтой ҳамчун муҳимтарин минтақаи ғаллапарварӣ ва раванди татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гашт, ки дар ҳолати риояи дурусти агротехникаи парвариш имконияти 2 – 3 маротиба зиёд намудани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум ҷой дорад. Барои бомуваффақият татбиқ гардидани зироаткории сарфаҷӯёна олимон истифодаи тухмии хушсифат ва техникаи мутобиқро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.
Зироаткории сарфаҷӯёна  усули нави парвариши зироатҳо дар заминҳои лалмӣ ва обӣ буда, имкон медиҳад, ки бидуни коркарди асосии хок (шудгори чаппагардон), коркарди пеш аз кишт ва ҳамроҳи кишт фоидаи иқтисодӣ ба даст оварда шавад. Сарфаи захираҳои истеҳсолӣ, қувваи корӣ, вақт, қисмҳои эҳтиётӣ, равғанҳои молиданӣ, сӯзишворӣ, баланд бардоштани самаранокии кишоварзӣ аз ҳисоби кам кардани хароҷот барои коркарди хок, нигоҳдорӣ ва барқарор кардани ҳосилхезии хок вобаста аз кам истифода бурдани мошинолоти вайронкунандаи сохтори хок, заиф  гардондани нашъунамои алафҳои бегона, ба даст овардани ҳосилнокии баланд дар солҳои камбориш  афзалиятҳои ин намуди кишт дониста мешаванд. Усули нав имкон медиҳад, ки аз ҳисоби сарфаҷӯӣ дараҷаи даромаднокӣ баланд бардошта, ҳосили фаровон гирифта шавад. Аз ин лиҳоз, олимон истифодаи ин усулро ба нафъи кор медонанд.
Давоми рӯз мутахассисон дар мавриди технологияи интенсивии парвариши гандум, сертификатсияи тухмии зироатҳои кишоварзӣ, технология,  афзалиятҳои зироаткории сарфаҷӯёна баҳс ташкил намуданд. Иштирокдорони «Рӯзи саҳроӣ» ба пурсишҳои худ посух гирифта, бевосита аз майдони кишти гандум ва усули зироаткории сарфаҷӯёна дидан намуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2017    №: 99    Мутолиа карданд: 219

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд

Шойгу: «Дар Сурия ҳудуди нуфузи ҷангиён ду ним маротиба коҳиш ёфт»

Ҳамкории калонтарин шабакаҳои иҷтимоии Чин бо ҳукумат

Зери таҳримот ҳам иқтисоди Русия рушд мекунад

12.08.2017


Сафири Тоҷикистон дар Эфиопия эътиборнома супурд

Бунёди корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара

Душанбе. Анъанаи пардохти иловапулии якдафъаина идома хоҳад ёфт

Ноҳияи Рӯдакӣ. Талабот ба либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ меафзояд

Хатлон. 15 корхона кор накард

Ҷаҳон дар як сатр

Аксари террорист – маргталабҳои «Боко Ҳарам» занону кӯдаконанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед