logo

иқтисод

НАФАҚА. Чанд паҳлуи як проблема

Соли гузашта дар дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 640 арзу шикояти шаҳрвандон доир ба таъйину пардохти нафақа ба қайд гирифта шудааст. Кашолкории масъулони соҳа  дар самти таъйини нафақаи шаҳрвандон қисми асосии арзу доди корафтодагон аст. Баъзе аз нафақагирон танҳо барои тасдиқи маълумотномаи хеш дар раёсатҳои минтақавии агентӣ,  ки он чандон кори заҳматталабу мураккаб нест, ҳафтаҳо интизорӣ мекашанд.
Айдигул  Исророва, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, ки барои гирифтани  маълумотнома дар бораи собиқаи меҳнатӣ аз  раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт қариб 15  рӯз  саргардон буд.
- Ҳар бор, ки  ба ин идора  муроҷиат менамудам, кормандони он додани маълумотномаро  ба рӯзҳои дигар гузошта, корро кашол медоданд, - гуфт номбурда.
Шамияи Нозимдухт, сокини ноҳияи Лахш, маъюби гурӯҳи дуюм,  низ аз зумраи нафақагиронест, ки бо сабаби бемасъулиятии бахши минтақавии агентӣ дар водии Рашт 5 моҳ  боз нафақапулиашро нагирифтааст.
 - Ҳарчанд духтари ман моҳи  январи соли равон аз ташхиси такрории тиббӣ гузашт, аммо бо иллати  нодуруст ҳуҷҷатгузорӣ шудани он аз ҷониби идораи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия то ҳол ӯ нафақаашро нагирифтааст. Тӯли  ин муддат борҳо ба ин ниҳод муроҷиат намудам, вале посухи дуруст нагирифтаам. Ҳамеша дар ин ҷо бори дигар баррасӣ гардидани ҳуҷҷатҳоро дар раёсати минтақавии агентӣ ва барқарор намудани нафақаи духтарамро ба  ман ваъда медиҳанд.  Мутаассифона,  бо гузашти 5 моҳ барои  ҳалли масъалаи мазкур аз сӯйи идораи  номбурда  тадбире андешида нашуд ва номаълум  аст, ки маблағи нафақаи маъюбии духтарам ба куҷо меравад, - изҳор дошт Нозим Фақиров, падари Шамия.     
Абдулҳаким Исматов, сардори раёсати назорати таъйину пардохти нафақа ва андухтҳои нафақавии агентӣ,  изҳор дошт, ки  муҳлати тасдиқи маълумотномаи  шаҳрвандон дар бораи собиқаи меҳнатӣ ва маъюбӣ, ки  ба раёсатҳои минтақавии агентӣ пешниҳод мегардад,  мувофиқи қонунгузорӣ даҳ рӯз муқаррар  шудааст.  Ҳолатҳои  ба таъхир афтодани таъйини нафақаи шаҳрвандон дар бисёр маврид бо сабаби номукаммалии ҳуҷҷатҳо сурат гирифтаанд. Дар мавриди  норасоии ҳуҷҷат кормандони соҳа вазифадоранд, ки ба шаҳрванд тартиби  дурусти пешниҳоди онро фаҳмонанд.  Дар маҷмӯъ  барои баррасию  омодасозии пурраи ҳуҷҷатҳои нафақагир 30 рӯз муҳлат  муқаррар гардидааст.  Барои вайрон сохтани муқаррароти мазкур мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва иҷтимоӣ»   шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Тавре шоҳидони ҳол баён менамоянд, танзими ҳуҷҷатҳо барои ба нафақа баромадан ва ташхиси тиббӣ моҳҳо  тӯл мекашанд, ҳол он ки  қонунгузории кишвар раванди омодасозии пурраи ҳуҷҷатҳоро дар ин самт на бештар аз як моҳ муқаррар  намудааст. Аз ҳолатҳои ба таъхир гузоштани тасдиқи маълумотнома ва тайёр намудани ҳуҷҷатҳои дигари нафақагирон  бармеояд, ки бархе аз масъулони соҳа барои иҷрои саривақтии уҳдадориҳои хеш ба тамаъҷӯиву ришваситонӣ даст мезананд.  Зимни  нишасти матбуотии моҳи январ  Назокат Одинаева, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, изҳор дошт, ки соли гузашта ҳангоми  санҷиши фаъ-олияти раёсату шуъбаҳои агентӣ дар  шаҳру навоҳӣ доир ба таъйину пардохти нафақа  аз рӯи маъюбӣ  232 ҳолати нодуруст таъйин ва бозҳисобӣ шудани нафақаи шаҳрвандон  ошкор карда шуд.
Саҳлангории кормандони агентӣ барои таъйини нафақаи шаҳрвандон   дар шаҳру навоҳӣ боиси нигаронист. Фаромӯш набояд  кард, ки дастгирии иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлату Ҳукумати кишвар буда, шаффофу дуруст ба роҳ мондани таъйину пардохти нафақа рисолати асосии масъулони ниҳоди номбурда мебошад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2017    №: 105    Мутолиа карданд: 275
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед