logo

сиёсат

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШД ИН ДАФЪА ДАР СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ МУАРРИФӢ ШУД

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар татбиқи як қатор ташаббусу лоиҳаҳои муҳими стратегии берунӣ ва дохилӣ муаяссар гардид, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро дарбар мегиранд.

Ин матлабро Рашид Олимов, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, дар мизи мудавваре, ки дар шаҳри Пекин бахшида ба муаррифии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гашт, ироа намуд. Аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ки ҳамоиш бо ташаббуси сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо ҳамдастии котиботи Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои Чин, роҳбарият ва кормандони марказҳои илмию тадқиқотӣ, корпусҳои дипломатии муқими Пекин, кормандони котиботи Созмони ҳамкории Шанхай, шахсони масъули корхонаҳои чинӣ, ки бо Тоҷикистон ҳамкории доимӣ доранд ва васоити ахбори омма  ширкат варзиданд.
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай гуфт, ки «Тоҷикистони муосир кишвари тадриҷан рушдкунанда мебошад ва қабули чунин як санади стратегӣ самти минбаъдаи пешрафту тараққиёти онро муайян мекунад». Мавсуф таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он нукта ҷалб сохт, ки барои расидан ба рушди босуботи кишвар мардуми сарбаланди тоҷик давраи таърихии хеле душворро паси сар кард.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода таъкид намуд, ки Стратегияи миллии рушд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, доираи васеи олимон, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардидааст. Ин санади стратегӣ барои татбиқи авлавиятҳои асосии кишвар тавассути баланд бардоштани масъулияти мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба такмили низоми амалкунандаи муколама миёни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ чун замина хизмат мекунад.
Ба иттилои манбаъ, бахши дигари мизи мудаввар, ки ба намоиши корхонаҳои чинии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда, назири «China Global”, «TBEA”, «China Road and Bridge Сonstruction”, Корпоратсияи 19-уми сохтмони роҳи оҳан, корхонаи истихроҷ ва коркарди кони тиллои «Пакрут», ширкати «Хуавэй» иртибот дошт, дар меҳвари таваҷҷуҳи  иштирокдорони ҳамоиш қарор гирифт.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2017    №: 106    Мутолиа карданд: 549

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед