logo

сиёсат

ИЛМ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ҶАҲОНИИ ОЛИМОНИ МО

Бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 июни соли 2016 Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон баъди 20 соли аз кор мондан барқарор шуд. Расадхона аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон аст ва дар он ҷиҳати гузарондани мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, астероидҳо ва моддаҳои метеорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ин матлабро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илм», ки дар Вазорати маориф ва илм бо иштироки доираи васеи олимону коршиносон баргузор гашт, ироа намуд.  Фарҳод Раҳимӣ, ки мавзӯи «Илми академӣ: имрӯз ва фардо»-ро ба риштаи баҳс кашида буд, аз дастовардҳои сатҳи ҷаҳонии олимони соҳаҳои гуногуни илми ватанӣ ёдовар шуда, нақши Сарвари муаззами кишварро дар ин самт калидӣ арзёбӣ намуд. Зикр сохт, ки маҳз бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор кардани Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» ва дастрас намудани таҷҳизоти зарурӣ қариб 1 миллион сомонӣ сарф шуд.
Натиҷаи таҳқиқоти олимони расадхона аз ҷониби астрофизикҳои ҷаҳон эътироф гардидааст. Ин маркази таҳқиқотӣ дорои телескопи оинагие мебошад, ки қутри он ба 1 метр баробар аст. Телескоп объектҳои андозаашон 10 сантиметраро, ки аз худ нур мебароранд, дар масофаи 40 ҳазор километр аз сатҳи Замин дида метавонад. Чунончи, ҳанӯз соли 1985 дар вақти наздикшавии навбатии кометаи Ҳаллей ба Офтоб, аксҳои нахустин бо ёрии телескопи қутраш 1 - метра гирифта шуданд, дар ҳоле ки ин аксҳоро бо ёрии телескопи қутраш 6 - метра дарёфт карда натавониста буданд. Дар он лаҳза равшаннокии комета ба 22 қутри ситорагӣ баробар буд.
Фарҳод Раҳимӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба барқарорсозӣ  ва минбаъд бо мақсадҳои осоишта, ба манфиати рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намудани реактори таҳқиқоти ҳастаии «Аргус - ФТИ» ҷалб сохт. Иттилоъ дод, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи  давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқоти ҳастаии «Аргус - ФТИ» барои солҳои  2016 - 2020» тасдиқ гардидааст.
Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ зикр намуд, ки моҳи октябри соли гузашта дар минтақаи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат яке аз калонтарин пойгоҳҳои сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Мо имрӯз на танҳо ҷумҳурӣ, балки кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва як қисми Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо маълумоти тоза оид ба зилзила таъмин менамоем. Дар ҳамоиши байналмилалие, ки соли гузашта дар мавзӯи «Бехатарии сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, бо далелҳои муътамад исбот кардем, ки иншооти гидроэнергетикии дар кишвар бунёдшаванда бехавф мебошанд.
Додоҷон  РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2017    №: 106    Мутолиа карданд: 517

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед