logo

номаҳо

ТАДБИРИ ДУРУСТУ БЕҲТАРРО ХОҲОНЕМ

Мо, сокинони маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳамсоягии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиндагӣ дорем. Дар маҳаллаамон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 98 ҷойгир аст,  аммо ба шуъбаи маорифи ноҳияи Сино вобастагӣ дорад. Дар муассиса зиёда аз 1700 нафар хонанда таҳсил менамояд, ки аз ин шумора 500 нафар хонанда аз ноҳияи Сино буда, зиёда аз 700 нафари дигар истиқоматкунандагони ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд ва 500 нафари дигар фарзандони иҷоранишинонеанд, ки дар ин маҳалла иқомат доранд.  Соли ҷорӣ ба фарзандони мо, ки дар ин муассисаи таълимӣ солҳо боз таълим мегирифтанд, роҳбарияти муассиса ва омӯзгорон доимо гуфта истодаанд, ки тибқи банди 2 Фармоиши № 132 аз 16-01-2017 Вазорати маориф ва илм аз соли нави хониши 2017-2018 хонандагоне, ки дар қайди ноҳияи Сино нестанд, ба муассиса роҳ дода намешаванд. Онҳо метавонанд таҳсили худро дар муассисаи таълимии деҳаи Чортут ё ягон муассисаи дигар ба роҳ монанд. Дар ҳоле ки муассисаи таълимии Чортут,  бо ин ки ба шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ тобеъ аст, аз маҳаллаи мо дар фосилаи дур ва он ҳам дар байни роҳи калони мошингард воқеъ мебошад, ки ба  ҳаёти кӯдакон хатари ҷиддӣ ба вуҷуд оварда метавонад. Инчунин, таълим дар худи муассиса, бинобар сабаби набудани шароити дуруст ва надоштани бинои иловагии таълимӣ, дар 3 - 4 баст гузаронда мешавад. Дар наздикиҳои маҳалла бошад, муассисаи дигари таълимӣ вуҷуд надорад.
Бо умед ин номаро ба гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ирсол медорам. Шояд масъулон аз ин мушкилоти печида огоҳӣ ёфта, тадбири дурусту беҳтарро биандешанд, ки барои ҳар ду ҷониб ба манфиати кор бошад.
Баҳром ШИРИНОВ, 
раиси кумитаи падару модарони муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии № 98, ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2017    №: 108    Мутолиа карданд: 1670

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед