logo

иқтисод

ТАВАҶҶУҲ. ДАР ҲИФЗИ ҒАЛЛАЗОР АЗ СӮХТОР БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Соҳаи кишоварзӣ, фермерӣ ва чорвопарварӣ дар кишварамон марҳала ба марҳала рушд намуда, дастурхони мардум рӯз ба рӯз ғанӣ гардида истодааст. Мутаассифона, таҳлили ҳаррӯзаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозад, ки бо вуҷуди тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ баъзе аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ҳанӯз ҳам, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро ҳангоми ғунучин ва кашондани ҳӯроки дурушти чорвою ғалладона риоя накарда, меҳнати марди деҳқонро барбод медиҳанд.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки омилҳои асосии сар задани сӯхтор ин оташбозии кӯдакон, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар муҳаррикҳои комбайну тракторҳо, набудани шарорахомӯшкунакҳо ва аз муоинаи техникӣ нагузарондани техникаи ҳосилғундор мебошад. Мутахассисони Хадамоти оташнишонии ВКД якҷо бо кормандони Вазорати кишоварзӣ, нозирони минтақавии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо ҳамасола рейдҳои муштарак мегузаронанд. Дар рафти гузарондани санҷишҳо ба ҳамаи роҳбарону шахсони масъули хоҷагиҳо амрномаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супурда мешаванд. Аз ин лиҳоз, дар мавсими дарав ва захираи хӯроки дурушти чорво аз роҳбарони корхонаву сарварони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва кооперативҳои истеҳсолию шахсони масъул хоҳиш менамоем, ки қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намоянд. Пеш аз ғунучини ҳосили ғалаю хӯроки дурушти чорво воситаҳои техникиро дақиқкорона аз санҷиш гузаронда, камбудиҳои ошкоргаштаро фавран бартараф намоянд. Дар ҷойҳои нигоҳдории хӯроки чорво ва ғалладона маводи зуддаргиранда нагузоранд.
Сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, новобаста аз шакли моликияташон, вазифадоранд, ки ҳар як автомашина, трактор, комбайн ва дигар техникаи хоҷагиро, ки барои ҷамъоварии ҳосил ҷалб шудаанд, бо шарорахомӯшкунакҳо ва олоти аввалиндараҷаи зиддисӯхтор, 2-3 оташхомӯшкунак, бел, намад, ҷорӯби дароздаста, зарфи калони обдор ва рег таъмин намоянд. Дар канори шоҳроҳҳои автомобилгард, ки аз мавзеъҳои ғаллазор мегузарад, нишонаҳо бо навиштаҷотҳои «Сигор кашидан манъ аст!» ва «Гулхан афрӯхтан манъ аст!» гузошта шаванд. Инчунин, заминҳои ғаллазори дар назди роҳҳои автомобилгард ва оҳан воқеъбударо дар масофаи 4 метр шудгор кунанд.
Муҳимтар аз ҳама, пеш аз оғози мавсими ғундоштани ҳосил сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулон вазифадоранд, ки дар хирманҷойҳо ва майдонҳои ғалла дастаҳои ихтиёрии зиддисӯхтор ташкил карда, онҳоро бо таҷҳизоти аввалиндараҷаи зиддисӯхторӣ таъмин намоянд. Дар майдони кушод ё худ дар назди хирманҷойҳо шабона ба мошинҳо ва дигар техника сӯзишворӣ пур кардан қатъиян манъ аст. Агар ба ин кор эҳтиёҷ пайдо шавад, дар равшании чароғи дигар мошин бо риояи техникаи бехатарӣ ин корро анҷом додан ба мақсад мувофиқ мебошад. Ҳадафи мо ин аст, ки ҳосили бо арақи ҷабин рӯёндаи марди деҳқонро, ки кафили пурии дастурхон ва рӯсурхии аҳли ҳар хонадон мебошад, аз сӯхтор муҳофизат намоем.
Нозимҷон ИБРОҲИМЗОДА, сардори сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2017    №: 108    Мутолиа карданд: 255

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед