logo

сиёсат

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

30 май аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонда шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», Кодекси тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории соҳаи тандурустӣ қабул гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ танзим мекунад ва ба таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ нигаронда шудааст.
Кодекси мазкур низоми тандурустӣ, тартиби ташкил ва пешбурди фаъолияти тиббии давлативу хусусӣ, намуд ва шаклҳои кумаки тиббӣ, тарбияи кадрҳо дар соҳа, таъмини модару кӯдак бо кумаки тиббӣ, ҳифзи солимии ҷамъиятӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, расондани кумаки тиббӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон, назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, маблағгузории соҳа, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони соҳаи тандурустӣ ва паҳлуҳои дигари соҳаро танзим мекунад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки  дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид, фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро  танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом ва таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартиби таҳия, пешниҳод, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, интишору ба қайдгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва паҳлуҳои дигари фаъолияти қонунгузориро муқаррар мекунад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» таҳия ва қабул гардида, муносибатҳоро вобаста ба фароҳам овардани  шароити мусоид барои ҳимоя ва рушди рақобат, фаъолияти самарбахши бозорҳои мол, таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ муайян менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» мақсад, вазифа ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, хусусият ва механизмҳои амалӣ намудани дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро муқаррар намуда, ба ташаккул ва устувор намудани иқтидори саноатии кишвар равона гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеоянд, ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки мувофиқи онҳо ба шахсони пешбарандаи фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ имтиёзҳо пешбинӣ карда шуданд.
Қонунҳои баимзорасида ба пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, инчунин, мутобиқ намудани қонунгузории  амалкунанда  ба тағйиру иловаҳое, ки 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштанд, равона карда шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2017    №: 108    Мутолиа карданд: 621

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед