logo

иқтисод

ЗАМИН. ҚИТЪАҲОИ ПАРТОВ КОҲИШ МЕЁБАНД

Аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳое, ки пештар ҳосили хуб медоданд, аз масъалаҳои доғи соҳа ба шумор мераванд, ки бесабаб нест. Зеро то соли 2012 дар ҷумҳурӣ 19571 гектар, аз он 14559 гектар замини корами обӣ ба сабаби шӯру ботлоқшавӣ, аз кор мондани пойгоҳҳои обкашӣ, шабакаҳои обёрӣ, тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо ва дигар омилҳо аз гардиши  кишоварзӣ берун монда буданд, ки боназардошти камзаминии кишвари мо масоҳати хеле калон маҳсуб меёбад. Ҳарчанд  барои корам намудани заминҳои бекорхобида ҳамасола кӯшишҳо ба харҷ дода шаванд ҳам, ҳанӯз дар кишвар заминҳои умуман нокорам ва баъди як кишт (асосан ғалла) холимонда зиёданд.
- Қарори қабулкардаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31 августи соли 2012 “Дар бораи Барномаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020” Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намуда буд, ки давра ба давра дар самти азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд, - мегӯяд Азизмамад Каримзода, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ.  - Тавассути кӯшиши якҷоя соли 2016 дар ҷумҳурӣ майдони умумии 2321 гектар (якҷоя бо боғот), аз он 1847 гектар замини корами обёришаванда ба гардиши  кишоварзӣ ворид карда шуд. Илова бар ин, аз ҳисоби заминҳои партов 37 гектар, чарогоҳ 467, аз он 70 гектар обӣ, заминҳои ғайрикишоварзӣ 281, аз он 242 гектар обиро ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, дар онҳо боғ бунёд карданд. Соли 2017 дар ҷумҳурӣ  ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 3415 гектар замини партов, аз он обӣ 1492 гектар ба нақша гирифта шудааст. Ин нишондод ба вилояти Суғд 1350 гектар, аз он обӣ 939 гектар ва вилояти Хатлон 2065 гектар, аз он обӣ 553 гектар рост меояд. Дар қисмати бештари ин заминҳо кишти зироатҳо  анҷом дода шудааст.
Дар маҷмӯъ сол то сол масоҳати қитъаҳои партов коҳиш ёфта, заминҳои такроран киштшуда боиси манбаи даромад ва ҷойи кори доимӣ пайдо кардани ҳазорон нафар сокинони деҳот гаштааст, ки фоли нек аст.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 222

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед