logo

иқтисод

КӮЛОБ. АКСАР КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ФАЪОЛИЯТ НАДОРАНД, ЧАРО?

Кӯлоб, мувофиқи маълумоти идораи омории шаҳр, соҳиби 57 корхонаи хурду бузурги саноатист. Аммо беш аз 2 сол боз 26 адади онҳо, аз ҷумла ҶДММ «Шавқ», ҶС «Пахтаи Кӯлоб», ҶДММ «Мармариён», ҶДММ «Тента - Кӯлоб», ҶДММ «Хатлон», ҶДММ «Тиллои сафед - Ф», ҶДММ «Довудиён - Р», ҶДММ «Саъдуллои Бадал», ҶДММ «Эмом Аскара», ҶДММ «Усмон - Д», ҶДММ «Мунаввара - М», фаъолияти истеҳсолии худро қатъ кардаанд.
Нишондиҳандаҳои омории 4 моҳи соли равон бозгӯи онанд, ки акнун  ба қатори  номбаршудаҳо боз корхонаҳои дигар, ба мисли ҶДММ «Зарҳам», ҶДММ «Элдорадо», ҶДММ «Лайло - П», ҶДММ «Билол - Б», ҶДММ «Зиракӣ - С», ҶДММ «Амон - Ш», ҶДММ «Далер»  ворид шуда, шумораи умумии онҳо ба 34 расидааст. Ба ифодаи дигар корхонаҳои саноатии ин шаҳри дар бузургӣ сеюми кишвар ҳамагӣ 40 дарсад фаъоланд. Илова ба ин, аксари корхонаҳои амалкунанда, ки шумораашон 25 ададро ташкил мекунад, фаъолияти начандон босамар доранду нишондиҳандаи истеҳсолиашон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  пасту нокифоя аст. Масалан, дар ҳамин давраи соли гузашта коргарони ҶСК «Суғдиён» ба андозаи 5 миллиону 907 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда буданд, дар чор моҳи соли ҷорӣ бошад, ба миқдори 2 миллиону 245 ҳазор сомонӣ, яъне дар қиёс ба соли 2016 ба андозаи 3 миллиону662 ҳазор сомонӣ кам. Дар байни корхонаҳои ба қавле фаъол корхонаҳое низ ҳастанд, ки дар давоми 4 моҳ ҳамагӣ ба андозаи аз 5 то 7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки низ боиси нигаронист. Маҳсулоти  дар ин муддат истеҳсолкардаи  корхонаи замоне бузурги шаҳр - «Сомон – Кӯлоб - Таҷҳизот», ки дар гузашта бо номи «Косто» машҳур буд, ҳамагӣ 48,2 ҳазор сомониро  ташкил менамояд. Воқеан, ин гуна нишондодҳои истеҳсолӣ арзандаи чунин  корхонаҳо нестанд. Аз ҳисоби умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо (ба андозаи 25 миллиону 869 ҳазор сомонӣ) 23 миллиону 620 ҳазор сомонии он танҳо ҳиссаи  3 корхонаи давлатии шабакаҳои барқи Кӯлоб, идораи обтаъминкунӣ ва  ҶСК «Суғдиён» аст. Боқӣ 22 корхонаи дигар  ҳамагӣ ба андозаи 2 миллиону 249 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
- Корхонаи  муҷаҳҳаз  бо технологияи муосири мо соли 1991 бо иқтидори лоиҳавии 52 миллион дона хишт дар як сол мавриди истифода қарор гирифта буд. Он вақт  корхона дар ҳудуди Осиёи Миёна аз рӯи иқтидору сифати техникии  хеш ягона маҳсуб меёфту   шумораи мутахассису коргаронаш ба 500 нафар мерасид. Акнун корхона бо фаро гирифтани 50 нафар коргар, то андозае азнавсозӣ гардид. Аз истифодаи газ ба ангишт гузаштем. Боварӣ ҳаст, ки муассиси нав корхонаро чун солҳои қаблӣ фаъол мегардонад, - гуфт зимни суҳбат сармуҳосиби ҶДММ «Хишти Кӯлоб» Пираҳмад Холов.
Ин корхона дар ҳамин давраи соли гузашта  фаъолият надошт. Роҳбари яке аз корхонаҳои дигари солҳо аз фаъолият мондаи шаҳр боре ба ин тариқ хоҳиши кӯмак намуданд:
- Вазъи корхонаи моро дар рӯзнома танқид намоед, шояд ба ин васила муассисон, ки яке дар пойтахту дигаре дар хориҷи кишваранд, хулоса бароварда, корхонаро, ки дар он беш аз 100 нафар бо ҷои кору воситаи зиндагӣ таъмин буданд, фаъол созанд. Акнун роҳбар не, балки посбони корхонаам…
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  сафари кориашон ба ноҳияи Данғара (13 май) дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони вилояти Хатлон ҷиҳати аз фаъолият мондани 258 корхонаи саноатии шаҳру навоҳии вилоят, ба хусус минтақаи  Кӯлоб, нигаронӣ карданд. 
- Шумораи бештари корхонаҳои саноатии дар ин давра аз фаъолият монда ба шаҳри Кӯлоб (25 корхона), ноҳияҳои Ҳамадонӣ (28), Ёвон (18), Данғара (17) ва Восеъ (17 корхона) рост меояд, - таъкид намуданд Сарвари давлат. 
Иллати аз фаъолият боз мондани корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб дар чист?  То посух додани масъулони соҳа ба ин суол, мо тасмим гирифтаем, ки оид ба вазъи корхонаҳои саноатии ноҳияҳои мазкур, маводҳои таҳлилию таҳқиқӣ нашр намуда, баҳри таҳрикашон саҳмгузор шавем, зеро бо чунин вазъ аз ҷомеаи аграрӣ ба саноатию аграрӣ гузаштани Тоҷикистон мушкил аст.      
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 293

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед