logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, №12, мод. 840; с. 2012, №7, мод. 719; с. 2013, №3, мод. 180; с. 2015, №11, мод. 954), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 1, матни моддаи 3, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 5, қисмҳои 1 - 3 моддаи 13 ва сархати панҷуми моддаи 288 калимаҳои «(Сарқонуни)» ва «(Сарқонун)» хориҷ карда шаванд.
2. Дар қисмҳои 1 ва 4 моддаи 16, сархати дуюми қисми 2 моддаи 33, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 35, қисми 1 моддаи 72, қисми 3 моддаи 210, сархати панҷуми қисми 2 моддаи 218, сархатҳои якум - шашум ва   ҳаштум - даҳуми қисми 1 моддаи 226, сархатҳои дуюм ва панҷуми     қисми 1 моддаи 227 ва қисми 2 моддаи 232 калимаҳои «қаламрави» «қаламраваш» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди» ва «ҳудудаш» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 6 моддаи 56, қисми 3 моддаи 129, қисми 4 моддаи 247 ва қисми 4 моддаи 251 калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
4. Аз қисми 1 моддаи 59 калимаҳои «, кормандони Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд.
5. Моддаи 1861 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 1861. Таъйиноти хусусӣ
1. Ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, суд ҳуқуқ дорад таъйиноти хусусӣ қабул карда, онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо уҳдадоранд дар муҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд.
2. Агар ҳангоми баррасии парванда суд дар амали тарафҳо, дигар иштирокчиёни мурофиа, шахси мансабдор ё дигар шахс аломати ҷиноятро ошкор намояд, маводи дахлдорро барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба қонунвайронкунанда ба мақомоти прокуратура ирсол менамояд.
3. Нисбат ба таъйиноти хусусӣ шахсони иштирокчии парванда ва шахси нисбаташ таъйиноти хусусӣ қабулгардида метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.».
6. Қисми 5 моддаи 249 хориҷ карда шавад.
7. Моддаи 2501 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 2501. Таъйиноти хусусии суди марҳилаи кассатсионӣ
Суди марҳилаи кассатсионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 1861 Кодекси мазкур ҳуқуқ дорад таъйиноти хусусӣ қабул намояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1420


ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    А. АЗИЗӢ
ш. Душанбе, 21 апрели соли 2017, № 740


ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,18 майи соли 2017, № 400


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 2162

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед