logo

иқтисод

ЧОРВОРО ДАР КУҶО ЧАРОНЕМ?

Рӯзноманигор аз ноҳияи Файзобод Ҳокими Сафар зери сарлавҳаи “Ҳайфи ҳайвонҳои безабон” ба идораи рӯзнома хабаре фиристодааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Деҳаи Фатҳободи Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод аз сернуфустаринҳо буда, 460 хоҷагӣ дорад. Сокинон зиёда аз ҳазор сар чорвои калон ва якуним ҳазор сар моли майда доранду аз ҳисоби парваришу фурӯши онҳо  рӯзгорашонро  пеш мебаранд. Болои деҳа чарогоҳҳои тобистонаи Сардара ва Туркмандара воқеанд, ки  солҳои пеш мардум молашонро ба он ҷо ба чаро мебурданд. Чанд сол аст, ки аз Сардараю Туркмандара тибқи шартнома бо директори Корхонаи воҳиди давлатии ба номи А. Назиров    Абдураззоқ Саидов, Маҳмадҷон Шарифов, Мирзоалӣ Гулов, Ҳотам Абдураҳмонов ва чанде дигарон истифода бурда, сокинони деҳаро аз  чарогоҳ маҳрум кардаанд. “Соҳибон” – и нави замин роҳи чорвогузарро танг карда, садди ҳаракати молу говҳо мегарданд. Ҳамчунин,  муовини директор Файзалӣ Яъқубов низ аз пеши худ даҳҳо гектар чарогоҳро ба шиносонаш  тақсим кардаасту ягон мақомот  то ҳанӯз ин худсарии  ӯро насанҷидааст”.
Баъди расидани мактуби шикоятӣ, пеш аз ҳама, бо сардори нозироти андози ноҳияи Файзобод Лутфулло Алиев ҳамсуҳбат шуда, аз пардохти андоз қарздор будан ё набудани Абдураззоқ Саидов, Маҳмадҷон Шарифов, Мирзоалӣ Гулов, Ҳотам Абдураҳмоновро пурсидем. Ӯ иттилоъ дод, ки “чарогоҳи номбурда ба КВД ба номи А. Назиров вобаста асту андози онро на истифодабарандагони замин, балки худи хоҷагӣ месупорад ва хоҷагӣ аз пардохти андоз қарздор нест”. Сипас, аз  директори хоҷагӣ Тоҷиддин Асоев ва сармуҳосиб Садриддин Рустамов  чӣ гуна соҳиби замин гаштани иҷоракоронро пурсидем. Тоҷиддин Асоев, ки дар хоҷагӣ роҳбари нав аст, намедонад, ки бо киҳо ва ба маблағи чанд сомонӣ барои истифодабарии як гектар замини чарогоҳ шартнома баста шудааст. Ӯ гуфт, ки Мирзоалӣ Гулов қитъаи заминро худсарона ишғол намуда, истифода бурда истодааст.
Сарагрономи хоҷагӣ Файзалӣ Яъқубов, ки дар як вақт муовини директор маҳсуб меёбад ва тақсими замин дар ҳузури ӯ ва бо розигии ӯ анҷом дода шудааст, қонуншиканиҳо дар тақсими заминро инкор накарда, гуфт, ки “иҷорапулии ҳар гектар замин 10 (даҳ) сомонӣ муқаррар шудааст. Аз 850 гектар замини чарогоҳ 130 гектар ба хоҷагии деҳқонии “Аҳмад Шарифов”, 130 гектар ба Бой Шарифов, 50 гектар ба Халил Яъқубов, ки чорвои хусусӣ доранд, ба иҷора дода шудааст. Заминҳои боқимондаро сокинони алоҳидаи деҳа байни худ тақсим кардаанд”.
Тақсимоти нодуруст (ба иҷора додани замини чарогоҳ) соҳибони чорвои деҳаи Фатҳободро  ҳайрон кардааст ва намедонанд, ки молу говашонро дар куҷо бурда чаронанд. Марзи заминҳои ҷудошуда бо симтӯру шохҳо печонда шудааст. Замини  яке бо сабаби кам будани саршумори  чорво ночаронда мемонаду беш аз 400 нафар хоҷагии деҳа дар чарондани чорвояшон мушкилот доранд.
Собиқ раиси маҳаллаи Фатҳобод Файзалӣ Авғонов вазъи ҷарогоҳро чунин шарҳ дод:
- Дар мавзеъҳои Сардара ва Туркмандара зиёда аз 850 гектар замини чарогоҳ мавҷуд аст, ки як қисми он аз ҳисоби хоҷагии ҷангали ноҳия барои истифодабарӣ ба КВД ба номи А. Назиров дода шудааст. Сокинони деҳа солҳои пеш 500 гектарро аз корхона  ба иҷора гирифта, барои истифодаи 800 гектар иҷорапулӣ месупурданд. Масалан, соли гузашта мо барои 800 гектар замин 6400 (шаш ҳазору чорсад) сомонӣ супурдем, ки ҳуҷҷаташ мавҷуд аст. Аммо вақтҳои охир роҳбарони хоҷагӣ шартномаро бо сокинони деҳа, ки дар 500 гектар чорвояшонро мечаронданд, қатъ карда, ба одамони алоҳида, ки аз онҳо зиёдтар манфиат мебинанд, ба иҷора додаанд.  Ҳоло чорво ба масофаи 5 – 7 километр  ба чаро бурда мешавад, ки барои сокинони деҳа мушкили сангин гаштааст”.
Воқеан, чун аксар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия Файзобод низ ба арзу шикояти сокинон ками дар кам аҳамият медиҳанд. Масъулон гӯё  одат карда бошанд, ки ба арзу шикояти аҳолӣ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Бетаваҷҷуҳӣ ба мушкилоти сокинони деҳаи Фатҳобод далели ҳамин гуфтаҳост. Чунин муносибат то кай идома меёфта бошад?
Суолест, ки аз масъулон посух мехоҳад.
М. ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2017    №: 119    Мутолиа карданд: 118
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед