logo

иҷтимоиёт

"Ҷавобгарӣ барои бемасъулиятӣ", "Ҷумҳурият", 4 майи соли 2017

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳамкории доимӣ ба аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар самти тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон дар мавриди маводи «Ҷавобгарӣ барои бемасъулиятӣ» маълумоти зеринро пешниҳод менамояд.
Боиси зикр аст, ки дар даврони истиқлолият дар вилояти Суғд сол аз сол тамоюли пастшавии нишондоди  фавти модарону кӯдакон ба назар мерасад. Нисбат ба соли 2015 ҳодисаҳои фавти  модарон дар соли 2016 ба 9  ҳолат, фавти кӯдакон ба 59 ҳолат кам гардид.
Нигоҳубини антенаталӣ яке аз масъалаҳои афзалиятноки  нигаҳдории саломатии модар ва кӯдак  ба ҳисоб рафта, дар мадди аввали соҳаи тандурустӣ меистад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар вилоят дар соли 2016 ба қайди назорати антенаталӣ 65726 нафар занони ҳомила гирифта шуда, аз он 94 дарсад дар давраи то муҳлати 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ мебошад. Дар семоҳаи аввали  соли 2017 бошад, 18569 нафар  ҳомиладорон ба қайд гирифта шуданд. Ҳамаи онҳо аз муоинаи тиббии пеш аз таваллудӣ гузаронда шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади кам кардани сатҳи камхунӣ дар байни занони ҳомила ба ҳамаи  шаҳру ноҳияҳои вилоят вазорат ҳабҳои оҳан ба таври ройгон дастрас менамояд. Марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо бо ин мавод пурра таъмин мебошанд. Дар семоҳаи аввали соли 2017 - ум 6589000 адад ҳабҳои зидди камхунии ферросулфат бо таври ройгон тақсим карда шуданд. Дар мақолаи ба нашр расида бо сабаби камхунӣ фавтидани З. Турсунова аз шаҳри Панҷакент таъкид шудааст. Дар асл, дар асоси ташхисҳои лабораторӣ дар ин бемор камхунии дараҷаи сабук дарёфт гардида, барои табобати камхуниаш маводи зиддикамхунии оҳандор таъйин шудааст. Дар давраи ҳомиладории ӯ фишорбаландии шарёнӣ ва давраи таваллуд оризаи хунравии акушерӣ ба назар расида, фавти зан аз хунравии зиёд ба қайд  гирифта шудааст.
Дар Шаҳноза Ҷӯраева, сокини ноҳияи Деваштич, фавти дохилибатнии тифл муайян карда шуд. Ҳамзамон, зани такрорҳомила ба ҷунбиши тифлаш аҳамияти хоса надодааст ва сари вақт ба табибон муроҷиат накардааст. Дар вақти муайян гардидани фавти  дохилибатнии тифл роҳхат барои қатъ кардани ҳомиладорӣ дода шуда, ҳатман бистарӣ карда шуд.
Дар ҳолати Зебо Исломова, аз ноҳияи Спитамен, мавриди зикр аст, ки зан бо бемории шадиди роҳи нафас дар хона табобат гирифтааст. Табибони оилавӣ бистарӣ шуданро тавсия додаанд, аммо ӯ рад намудааст. Баъдан, бо сабаби вусъат ёфтани беморӣ ва вазниншавии ҳолат ба беморхона бистарӣ гардидааст, ки ин сабаби фавташ гардид.
Дар муассисаҳои ёрирасон ба таваллуд дар семоҳаи аввали соли 2017-ум 498 ҳолати оризаи давраи таваллуди ба ҳаёт хатарнок ва 1081 ҳодисаи гирифтории бемориҳои ғайригениталии занони ҳомила ба қайд  гирифта шуда, баҳри саломатии модар ва кӯдак тадбирҳо андешида шудааст. Ҳар яке аз омилҳои мазкур метавонист, сабаби фавти модарон гардад. Аз ин теъдод 23 дарсад таваллуди пеш аз муҳлат ба қайд гирифта шуд.
Масъалаи норасоии кадрҳо дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти вилоят ҷой дошта, айни замон хатмкунандагони донишгоҳҳои тиббии ҷумҳурӣ бо ҷойҳои корӣ таъмин шуда истодаанд.
Мутаассифона, яке аз сабабҳои ба амал омадани фавти модар ва кӯдак сари вақт иҷро нагардидани стандартҳои миллии таъминшавии модаршавии бехавф аз ҷониби баъзе кормандони муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят мебошад. Натиҷаи  мониторинги иҷрои  стандартҳои миллӣ дар сатҳи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ 79,5 дарсад ва сатҳи бистарикунонии ёрӣ ба таваллуд 76,2 дарсадро  нишон дод.
Баҳри паст кардани нишондоди фавти модару кӯдак корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ оид ба беҳтар намудани  самти солимии модарону кӯдакон, танзими оила, пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ ва оқибатҳои он, таъсири тавлиди кӯдакони маъюб гузаронда мешаванд.
С. УМАРЗОДА,
муовини якуми вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2017    №: 120    Мутолиа карданд: 215

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед