logo

иҷтимоиёт

ЧАШМАИ САИДИ ЗАРД

Он дар деҳаи Дараи Эмоми Ҷамоати деҳоти «Доғистон» - и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷойгир аст. Ривоят аст, ки чашма ба Саид ном як паҳлавон ва човандози машҳур тааллуқ доштааст. Саид  чашмаро бинобар хунук ва  мусаффо буданаш  бисёр дӯст медоштаасту танҳо аз оби он менӯшидааст. Ба хотири ҳамин муҳаббати зиёд дар шафати чашма хона  ва боғи калоне бунёд кардааст, ки  қисмати зиёди  дарахтони он ҳанӯз ҳам барҷоанд.
Саид писари ягонаи марди камбағале буд. Аз сабаби мӯи зард  доштанаш ӯро Саиди Зард мегуфтанд. Нақл мекунанд, ки Саиди Зард дар 17 – 18 - солагӣ аллакай ҳамчун паҳлавону човандоз ном бароварда, дар вақти давидани асп тангаро аз замин озод мебардоштааст.
 Овозаи човандозии Саиди Зард  аз ҳудуди зодгоҳаш - Кӯлоб берун шуда, то Ҳисору Қаротегину Балху Бухоро ва Марву Қаршӣ мерасад. Касе дар бузкашӣ ба ӯ баробар намешуд.
Нақл мекунанд, ки як вақт гурӯҳи аҷнабиён омада, мехоҳанд заминҳои файзбору ҳосилхезро, ки манбаи асосии зиндагии  мардум ҳисоб мешуданд, ғасб ва майдони чарогоҳҳои тобистонаи худ созанд. Барои ин ба ранҷу озори мардум шурӯъ мекунанд. Заминҳои ғалларо бо аспу рамаҳояшон поймол, соҳибонашонро таҳқир менамоянд. Мардум дар муқобили ин рафтори ваҳшиёнаи онҳо чорае надошт.
Саид ин ҳамаро медид ва пайти муносиб меҷуст. Ӯ, ки худ марди ботаҳаммул буд, мефаҳмид, ки дар муборизаи рӯ ба рӯ дастболо гаштан кори осон нест. Хуб медонист, ки бо душманон дар бораи сулҳ гуфтугӯ кардан маъно надорад. Онҳо аз ин шерак шуда, ҳеҷ гуна шартро қабул намекунанд. Ғайр  аз ба  мубориза бархостан роҳи дигаре  набуд.
Пинҳонӣ ҷавонмардони деҳаро ҷамъ оварда, дастае ташкил кард. Аҳд бастанд, ки ё мемурем ё пирӯз мешавем! Саид ба Қир савор шуда, ба майдон баромад. Ӯ дар тамоми муддати човандозию аспсаворияш бори аввал аз чилбур, аз арғамчине, ки ғирромбозон аснои бозӣ ба почаки буз меандохтанд, истифода кард. Ӯ акнун чилбурро ба почаки буз не, балки ба дасту почак, гардану миёни душманон меандохт. Ин амалро ончунон устокоронаю чобукона ба анҷом мерасонд, ки душман тамоман дар ғафлат монда, чӣ кор карданашро намедонист. Ҳамин тавр, дар як фурсати кӯтоҳ чанд паҳлавони номии душманро оварда, ба дасту пояшон ишкел зад. Душман сариштаи корро аз даст дода, хост якбора ба ӯ ҳуҷум намояд. Дар ин лаҳза дастаи ҷавонмардони деҳа ба майдон омад.
Мардуми деҳа ҳам аз ин амали ғайриинтизор шерак  шуда, зану мард ҳама якбора ба душман ҳамла карданд. Ҳамин тавр, душман мағлуб шуда гурехт ва дигар ҳеҷ гоҳ ҷасорати бозгаштан накард.
Саиди Зард худ як марди одӣ ва заҳматкаше будааст. Дар боғи бунёдкардааш шабу рӯз меҳнат менамудааст. Мардум ба хотири муҳаббате, ки ба ин марди далеру шуҷоъ дошт, ҳанӯз ҳам ин чашмаро Саиди Зард ном мебаранд. Аз оби хунуку мусаффояш нӯш ва аз корнамоию далериҳои ин ҳамдиёри худ ёд мекунанд.
Алихон ЗАРИФӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2017    №: 121    Мутолиа карданд: 442

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед