logo

иҷтимоиёт

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО…

Боз дар бораи ятимон хоҳам гуфт. Аниқтараш дар бораи шароити будубоши онҳо дар муассисаи таҳсилоти умумии  асосии «Мактаб - интернати  № 1 барои кӯдакони ятим» - и  шаҳри Душанбе. Муассисае, ки қариб 600 нафар кӯдакони ниёзмандро ба таълиму тарбия фаро гирифтаву саробонӣ дорад. Аксаран духтаронанд, ки дар симои ҳар як нафари ба аёдат меомада гӯйё волидайни худро меҷӯянд. Чашмони меҳрбор доранд, ҳарчанд нигоҳҳояшон ҳузнангезанд.
- Дар мактаб-интернат шароити хуб дорем, - мегӯяд сарвари парваришгоҳ Зиёдулло Абдуллоев. - Таҳсил бо забонҳои тоҷикиву русӣ сурат гирифта, тарбиятгирандагон то синфи нуҳ дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунанд. Сипас, тибқи нақша онҳоро барои таҳсил ба  коллеҷу омӯзишгоҳҳое раҳнамун месозем, ки хобгоҳ дошта бошанд. Чун фарзанд, ки азизанд, намехоҳем, ки наврасони мо дар кӯча монанд. Соли гузашта 42 нафар хатмкунандаи мо дар коллеҷҳои гуногуни кишвар, инчунин, 4 нафар писар ба техникуми компютерии шаҳри Йошкар-Олаи Русия фиристонда шуданд, ки айни ҳол таҳсил ва зиндагии хуб доранд.
- Ҳама намуди таъминот аз ҷониби  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, тарбиятгирандагон аз дастгириву ғамхориҳои доимӣ баҳраманданд. Инчунин, саховатмандон мунтазам дари хонаи ятимонро мекӯбанд. Қариб 70 нафар мураббӣ ба таври шабонарӯзӣ ба нигоҳубини кӯдакон машғуланд. Дар мавсими тобистон наврасон дар лагерҳо ба фароғату истироҳат фаро гирифта мешаванд. Бо истифода аз шароити мусоиди чанд соли охир барои ятимон суратҳисоб кушодем, ки маблағи кумакпулии онҳо то ба воя расиданашон ҷамъ мешавад. Намегузорем, ки фориғ аз дарс кӯдакони мо хастагиву танҳоиро эҳсос намоянд. Толорҳои варзишӣ, маънавиёт ва синфхонаҳо бо тамоми шароитҳои лозима ба истифодаи онҳо вогузор аст. Маҳфилҳои гулпарварӣ, табиатшиносон, кимиёгарони ҷавон, адабиётшиносони ҷавон, омӯзиши технологияи информатсионӣ ва ғайраҳо пас аз дарсҳо гузаронда мешаванд, ки аз ҷониби наврасон хеле хуб қабул мегардад, - илова кард ӯ.
Воқеан, аз саҳни ҳавлии тозаву озода, катҳои хоби бароҳат, ошхонаи барҳавои мактаб – интернат бармеояд, ки шароити тарбиятгирандагони он хубу ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аст.
- Албатта, мегӯяд Зиёдулло Абдуллов бо вуҷуди тамоми кӯшишҳое, ки дорем, дар замири кӯдакони мо ҷойи волидайн ҳамчунон холӣ боқӣ мемонад. Мутаассифона, хеле кам мешавад, ки тарбиятгирандагонро ин ё он оила ба фарзандӣ қабул намояд. Фикр мекунам, ҳар як кӯдаки ятим бештар дар ҳамин андеша аст, ки оё мерасад рӯзе, ки дасти навозиши падару модар сари онҳоро низ сила кунад. Аз ин рӯ, дар баробари ғамхориҳои рӯзафзун, ки тайи солҳои охир аз ҷониби давлату ҳукумат дар ҳаққи ятимону бепарасторон зоҳир мегардад, хеле хуб мебуд, оилаҳое ки имконият доранд, дар масъалаи фарзандхонии кӯдакони ниёзманду мубталои тазодҳои тақдир бетарафӣ зоҳир накунанд. Гап на дар бораи кӯдакии эшон меравад, дар синфи нуҳум онҳо алакай ҷавонони наврасанд ва ҳар яки онҳо метавонад дастёру зиннатбахши як хонадон бошанд. Яъне миёни оилаҳои муваффақу саховатманде, ки дорем, нафароне пайдо шаванд, ки ояндаи кӯдакони парваришгоҳҳоро тавонем бо дили пур ба онҳо бовар намоем. Муҳимияти масъала низ дар ҳамин аст. Ва ин ҳеҷ гоҳ маънои онро нахоҳад дошт, ки мо масъулияти худро ба дигарон бор кардан мехоҳем. Баръакс, мо танҳо мехоҳем, ки оянда низ сари ятимони мо баланду зери силаи дастони меҳрпарвар бошад.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2017    №: 122    Мутолиа карданд: 128
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед