logo

сиёсат

ҲАҚИҚАТИ ИЛМӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ. АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ МАҚОЛАИ С. ЯТИМОВ “ИЛМ ВА АМНИЯТ”

Мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов таҳти унвони  “Илм ва амният”, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” 30 майи соли 2017 интишор гардид, аз як тараф натиҷаи омӯзиши амиқи вазъияти амнияти мамлакат  дар шароити имрӯзаи ҷаҳони ноором бошад, аз ҷониби дигар он як дастури раҳнамо ба аҳли зиё ва илми кишвар аст, то тавонанд дар ҷодаи таъмини амният ва осоиштагии Ватан кореро ба анҷом расонанд.

Муаллиф дар заминаи воқеияти таърихӣ ва назарияи олимони маъруфи олам оид ба мафҳумҳои “амният” ва “давлат” изҳори назар карда, зикр мекунад, ки муҳимтарин вазифаи давлат таъмини амнияти худ ва ҷомеа мебошад. Дар ин маврид муаллиф барои хонанда мафҳуми ҳуқуқии “давлат”- ро, аз назари илмӣ тавзеҳ медиҳад, аз аносири он, ки миллату миллатҳо мебошанд ва нишонаҳои асосии он сухан мегӯяд. Муаллифи мақола дар баробари тавсиф ва тавзеҳи мафҳумоти дар боло зикршуда ба як нуктаи меҳварӣ таваққуф менамояд, ки ҷавҳари матлаб онҷост. Аз ҷумла менависад: ”Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошанд, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани  давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати миллии мо мебошад.” Воқеан, сари ин масъала таваҷҷуҳи амиқ мебояд, зеро дарёфтани гавҳари осоиш осон нест, вале ҳифзи он ҳам душвориҳои ба худ хос дорад. Гузашта аз ин, муаллифи мақола мӯътақид бар он аст, ки хатарҳои бар сари миллат равонашуда зуҳуроти тасодуфӣ набуда, дар заминаи тарҳрезиҳои муайян рӯи кор меоянд ва ба онҳо аз назари илм чашм андохтан ҳатмист.
Саймумин Ятимов зимни таҳлили мавзӯи “Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ” пешниҳод менамояд, ки раванди таъмини амнияти  давлат  ва  миллат ба тарзи системавӣ мавриди омӯзиш қарор  дода шавад. Танҳо  ҳамин  усули корбарӣ  метавонад  давлат  ва  миллатро   дар  муқобили  ҳамаи  хатарҳо устувор нигаҳ дорад. Зеро дар ҳамаи давру замон қувваҳои бадхоҳ мавҷуд буданд ва донистани таърихи муборизаҳо, усулу методҳои мавриди истифода қарор доштани онҳо имкон медиҳад, аз як ҷониб чеҳраи аслии ҷараёнҳо ва ҳаракатҳои террористиву зиддимиллиро хуб шиносем ва аз ҷониби дигар бо онҳо муборизаҳои ҷиддиро ба роҳ монем.
Дар мақола дар бораи онҳое, ки бо дастури сарпарастони  хориҷии худ бо тақдири миллат бозӣ мекунанд  низ сухан рафта, онро аз назари илмӣ чунин тавзеҳ медиҳад, ки донистани он ҳатмист: субъекти фаъол - дастандаркорон; объекти истифода - бадомафтодагон; муҳит - ба инобат гирифтани вазъи дохилии мамлакат -  сарфи  раҳгумзадагон; сабаб - каммаърифатӣ, ноогоҳӣ, рӯҳияи бегонапарастӣ, ифротгароӣ, дурӯягӣ, адами масъулият назди Ватану миллат; оқибат - эҳтимолияти сар задани фоҷиаи миллӣ.
Агар аз рӯи ҳамин нақша ё формулаи таърихӣ назар намоем, пас вазифаи имрӯзаи мо нахуст коҳиш додани каммаърифатӣ, ноогоҳӣ, рӯҳияи бегонапарастӣ ва ифротгароӣ буда, дар ниҳоди мардум тақвият бахшидани муҳаббат ба Ватан ва масъулияти ватандорӣ мебошад. Дар ин раванд илм, назарияи воқеъбинонаи таърихӣ, бозгӯи ҳақиқати воқеаҳо имконияти густурдаро дар дарку маърифати асли матлаб эҷод мекунад. Ба тариқи илмӣ собит намудани  ягонагии манфиати амнияти давлатӣ ва миллӣ дар дарки маърифати Ватан, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар мақола яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ “Геополитика: манфиат ва амният” ба ҳисоб рафта, муаллиф тавонистааст донишҳои ҳақиқиро дар бораи маърифати зуҳуроти дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бавуқӯъпайваста аз бардоштҳо ва андешаҳои дурӯғину аз асл дур тамйиз карда, сарчашмаҳои онҳоро баён намояд. Аз ҷумла, дар бораи як мафҳуми маъмулии ифротгароии муосир муаллиф чунин мегӯяд, ки ақидаи Пешвои миллат “терроризм аз ислом нест”-ро тақвият мебахшад: Истилоҳоти "ҷиҳод", "мубориза ба хотири исломи ноб", "сохтани давлати исломӣ", "шаҳид гаштан дар роҳи ислом", "мубориза бо куффор", "пуштибонӣ аз ислом дар рӯи олам" ва монанди инҳо, ки имрӯз аз номи бозигарони геополитикии сатҳҳои гуногун, ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, пуштибонони онҳо садо медиҳанд, ба дини ислом муносибати аслӣ надоранд. Зеро "дар доираи дин ислом муъҷизаи осмонӣ, фавқуттабиӣ аст. Диёнат аст. Имон аст. Боварӣ ва ихлоси маънавию рӯҳонӣ аст”.
Воқеан, ин фикр арзандаи андеша буда, тавзеҳ ва таҳлили ҳадафҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ба хотири манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ метавонад дар дарку эҳсоси матлабҳои асосӣ замина эҷод кунад. Яъне, замоне фаро расидааст, ки дар мавриди масоили геополиткӣ ва иртиботи он бо воқеаҳои мудҳиши дар гӯшаву канори олам рухдодаистода бештар гӯем ва ҷомеаро огоҳ созем.
Мавзӯи дигари муҳими мақола “Илм: адабиёт ва амният” унвон дошта, муаллиф дар меҳвари андешааш  мақоми адабиёт ва ҳунарро дар тарбияи ватанпарварӣ ва садоқат ба Ватан қарор додааст. Ӯ адабиётро  муҳимтарин ҷузъи системаи амнияти миллӣ дониста,  таъсири каломи бадеъ, осори адабиро  дар тарбияи ахлоқӣ, давлатофаринӣ ва миллатсозӣ муҳим мешуморад.
Ҳамин тавр, дар мақолаи “Илм ва амният” муаллиф бори дигар ба масъалаҳое рӯй овардааст, ки дарки дурусти онҳо барои ҳар як сокини кишвар зарур аст. Дар ин маврид мақоми аҳли зиё, онҳое, ки ба илму адаб сарукор доранд, муассир буда, фаҳмишу дарки вазъи ҳаёти сиёсии кишвар ва ҷаҳон бо назардошти донишҳои илмӣ ва тавзеҳи он барои дигарон барои расидан ба асли матлаб, ки ҳимояи амнияту осоиштагии Ватан мебошад, арзишманд аст. Инак:
1. Танҳо омӯзиши амиқи вазъият аз назари илмӣ бо назардошти таърихи дури мавҷудияти давлат ва амнияти он, муқоисаву муқобилаи вазъи имрӯз бо ҳодисаҳои таърихӣ ва баровардани хулосаҳои дурусти илмӣ метавонад имконияти густурдаро дар ҳимояи ду мафҳуми муқаддас Ватан ва Амният фароҳам орад.
2. Муколамаҳо ва баҳсҳои воқеии назариявӣ оид ба вазъи нохушоянди ҷаҳони имрӯз, ки ҷавҳари онро на идеологияи ватандорӣ, балки ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои абарқудрат  ташкил медиҳад, муҳим буда, махсусан ҷавонон бояд аз асли рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ бошанд.
3. Эътибор додан ба масъалаи рушди адабиёт ва фарҳанг, тавассути он тарбия намудани ҷомеа, махсусан ҷавонон дар рӯҳияи ватандориву миллатдӯстӣ, масъулият дар назди хонадон, падару модар ва кишвар зарур аст. Дар ин ҷода имкониятҳои фаровоне мавҷуд аст, ки он ба ҳиммати олимон, устодони донишгоҳҳо, адибон, санъаткорон, умуман зиёиён марбут мебошад.
4. Перомуни  мавзӯи  дар мақола зикрёфта, тавсифи масъалаҳои муҳими дар он  баёнгардида, нуқтаи назари зиёиён ба тариқи густурда тавассути васоити ахбори омма бояд интишор ёбад. Зеро дар замони муосир ҷомеа ба зиракиву ҳушёрии сиёсӣ ниёзманд аст.
Саидумрон САИДОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2017    №: 122    Мутолиа карданд: 1471

16.12.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Луиҷи Ди Майо

Ҳавзаҳои интихоботӣ муқаррар шуданд

БОКС. Ду медали бонувони тоҷик

ЁВОН. Фермаи азими чорво бунёд мегардад

БАТР ба Тоҷикистон дар безарарсозии партовгоҳҳои радиоактивӣ ёрӣ мерасонад

ИМА аз Афғонистон беш аз нисфи низомиёнашро мебарорад

Дар Қазоқистон 14 ҷангии гурӯҳи "Давлати исломӣ" - ро зиндон карданд

Дар Ӯзбекистон таҳсил панҷрӯза мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед