logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. 5 ПЕШНИҲОД

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давоми даҳ соли амали худ тавонист, ки даҳҳо мушкили мардумро осон намояд, ба онҳо неруи созандагӣ бахшад. Дар ин муддат бисёр оилаҳо аз ҳисоби камхарҷ гузарондани ҷашну маросимҳо як қисми маблағҳои захиракардаашонро барои соҳибкорӣ, хонондани фарзандон дар мактабҳои сатҳи баландтар, ба хориҷи кишвар фиристодани онҳо, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагиашон сарф карданд. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам дар ин самт  мушкилиҳо ҷой доранд.
Ҳанӯз ҳам калонсолон аз одатҳои куҳнашудаи худ даст кашида наметавонанду  занон аз анъанаҳои дар асоси онҳо тарбияёфтаи худ. Ҷавонон бошанд, манфиатдоранд, ки барои онҳо ҳар чи бештар чизу чора харида шавад ва маҳз аз ҳамин давраи бисёр мувофиқ истифода намуда, баъзе аз хостаҳои ғайривоқеии худро аз ҳисоби падару модарон ва хешу ақрабо бароварда месозанд. Бинобар ин, ҳар қадар кӯшиш намоем, ки аз  ин мушкилиҳо халос шавем, онҳо бештар мешаванд, ки камтар не. Аз ин рӯ, пешниҳод менамоем, ки:
1. Пеш аз ҳама, ба тарбияи ҷавонон дар самти донистан, дарк кардан ва риояи қонун таваҷҷуҳи хос зоҳир намудан зарур аст. Филмҳои кӯтоҳи тарғиботӣ, силсилафилмҳои бадеӣ, филмҳои мустанад, мултфилмҳо оид ба хусусиятҳои амали қонуни танзим метавонанд дар шуури ҷавонон ислоҳоти зарурӣ ворид созанд. Ин имкон медиҳад, ки насли нав аз камбудиҳои насли пешин озод тарбия ёбад, ҳушёртар гардад ва аз анъанаҳои куҳнашуда ва зараровар даст кашад. Яъне, мо бояд заминаҳои иҷтимоии миллати солимро  аз ҳозир гузорем.
2. Байни маъракаҳои мотам ва хурсандӣ садд - сарҳади муайян ё фарқи аниқу дақиқ гузорем. Шумораи иштирокчиёни базмро маҳдудтар созем. Хароҷоти болои миз низ ҳадди муайян дошта бошад.
3. Назорати давлатиро кам карда, назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва умуман ҷамъиятиро бештар намоем. Ин кор дар масъалаи коҳиш додани шиддати коррупсия ва зиёдшавии боварӣ ба давлат низ таъсири мусбат хоҳад расонд.
4. Самти фаъолияти сохторҳои танзимро на ба назорати маъракаҳои мардум, балки ба коркарди сиёсат ва таҳлили равандҳои танзим, назорат аз болои кори комиссияҳои ҷамъиятӣ равона бояд намоем.
5. Низоми иҷозатдиҳиро ба низоми сабт кардан ва ба ҳисоб гирифтани маъракаҳо табдил бояд дод  ва дар ҳолати саркашӣ аз ин кор ҷаримаҳои вазнинро ҷорӣ бояд кард. Ҳадаф, мардум ба сабти ҳолатҳо ва зери назорати ҷомеа будани раванди танзим одат намояд.
Сайфулло САФАРОВ,
раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви  Шӯрои ҷамъиятӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2017    №: 123    Мутолиа карданд: 207

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед