logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АНТОНИУ ГУТЕРРИШ

11  июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз имкони мулоқот ва мубодилаи афкори судманд бо Антониу Гутерриш, ки ба ҳайси Дабири кулли СММ бори нахуст ба Тоҷикистон омадааст, изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамкории кишвари моро бо Созмони Милали Муттаҳид барои таҳкими низоми давлатдорӣ, ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувор пурарзиш ва муҳим шумурданд.
Тоҷикистон аз оғози узвияташ дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамкориҳои густурдаи созанда ва судмандро бо он ва ниҳодҳои тахассусиаш ба роҳ монда, барои фаъолияти бемайлони 23 бунёду барномаҳо ва муассисаҳои махсусгардондашудаи Созмони Милали Муттаҳид дар қаламрави давлат шароит фароҳам овардааст.
 Дар мулоқот барои саҳмгузории муштарак дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст, фикру мулоҳизаҳои судман баён гаштанд.
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   муҳимияти ҳамкории Тоҷикистонро бо СММ дар истифодаи боэътимод ва самараноки имкониятҳои энергетикӣ, василаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ ва иқтидорҳои бузурги кишоварзӣ таъкид доштанд.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар минтақаву ҷаҳон ва иқдомҳои бузурги байналмилалии фарогири масъалаҳои обу экология баҳои баланд дода, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар ин самт муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар роҳандозии рӯзномаи марбут ба масъалаҳои оби Созмони Милали Муттаҳид фаъолона ширкат варзида, минбаъд низ ҳамчун ташаббускори баррасии масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ дар татбиқи тадбирҳои мушаххас ҷиҳати истифодаи пойдори ин неъмати ҳаётан муҳим саҳми фаъол мегузорад.
Изҳори бовар карда шуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 - 2028, ки дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об – 22 марти соли 2018 амали он оғоз мегардад, қадами устуворе дар раванди татбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт.
Ҷонибдории Тоҷикистон аз ташаббусҳои глобалии “энергияи устувор” ва “энергияи сабз” барои ҳама бори дигар таъкид гардида, истифодаи иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки аз лиҳози истеҳсоли барқи тоза беназир мебошанд, барои минтақа пураҳамият арзёбӣ шуд.
Барои идомаи ҳамкорҳои судманд дар таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва иштироки фаъол дар ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсию низомии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид.
Ҷонибҳо доир ба масъалаи кори рӯзномаи чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир”, ки баргузории он дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Дар мулоқот, ҳамзамон, дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ ёфтанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2017    №: 123    Мутолиа карданд: 1118

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед