logo

иҷтимоиёт

БОЗӢ - АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ КӮДАК

Омилҳои гуногун мавҷуданд, ки  ба рушди равонии кӯдак таъсири мусбат мерасонанд. Бозӣ ҳамчун намуди пешбарандаи фаъолият дар тарбияи кӯдак яке аз ин омилҳост. Волидон вазифадоранд, ки дар интихоби бозичаҳо ба хатоӣ роҳ надиҳанд. Зеро аксар бозичаҳои арзоне, ки дар бозору мағозаҳо фурӯхта мешаванд, тибқи тадқиқоти мутахассисон барои саломатии кӯдакон хатарноканд. Сифат ва бехатарии бозича барои солимии кӯдак, ки ӯро аз хурдсолӣ ҳамроҳ аст, ниҳоят муҳим мебошад. Бозича бояд ба синну соли кӯдак мувофиқат карда, ба инкишофи завқи ҳунардӯстӣ ва эстетикӣ, такмил ёфтани малакаҳои зеҳниву ақлонии ӯ мусоидат намояд.
Ҳар гуна бозӣ ва бозичаҳои кӯдакона бояд бо тараққиёти техника алоқаманд бошанд, то моҳиятан дар инкишофи ҷаҳонбинии кӯдак нақш гузоранд. Қаторачаҳо, ҳавопаймоҳо, киштичаҳо, роботчаҳо ин хусусиятро дар худ доранд.
Кӯдаконро мебояд бо бозичаҳое таъмин кард, ки қобилияти созандагӣ ва бунёдкориро дар вуҷуди онҳо бедор сохта, идеяи меъмориро дар фикрашон ташаккул диҳад. Дар ин маврид, равоншиносон бозӣ бо биноҳо, ҳавзҳо, гузаргоҳҳо ва дигар бозичаҳои ба ин монандро тавсия медиҳанд. Ҳамчунин, як қатор бозиҳое, ки андешаи созандагӣ ва ҳисси ободкории кӯдакро инкишоф медиҳанд, тавсия дода мешаванд. Аз ин рӯ, муҳити кӯдакро ҳар чи зеботару рангинтар оро бояд дод. Дар ин маврид сохтмони паркҳои истироҳатӣ ва танзими боғчаҳо, ороиши дару тирезаҳои ҳуҷраҳои кӯдакон, муқоваи китоб ва ғайраро ҳамчун мисол номбар кардан мумкин аст.
Волидонро зарур аст, ки ҳангоми харид бозичаҳои рангашон устувор, босифату пурбардоштро интихоб намоянд. Тамғаи бозича ва ба меъёрҳои тандурустии байналмилалӣ мувофиқ будани онро низ тафтиш бояд кард. Ҳамчунин, ҳангоми интихоби бозича барои ҷинсияти кӯдак мувофиқат кардани ранг ва нақши он аҳамият диҳед. Ҳамин тавр, дар писарбачаҳо ҳисси мардонагӣ ва дар духтарбачаҳо ҳисси латофату назокат тарбия дода мешавад. Аз бозичаҳое, ки кӯдакро ба ҷинояткорӣ ва бадахлоқӣ ташвиқ мекунанд, ҳазар бояд кард.
Бозиҳои фаъол низ бояд ҷой дошта бошанд. Кӯдаконро бештар ба бозиҳое, ки барои обутоб ёфтани ҷисмашон мусоидат мекунанд, бояд ҷалб намуд. Мусобиқаҳои гуногун, ҷаҳидан, давидан, оббозӣ, аспсаворӣ, тӯбпартоӣ, гӯштин, футбол, шиноварӣ ва ғайра аз ҳамин қабиланд.
Лола РИЗОЕВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2017    №: 124    Мутолиа карданд: 182

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед