logo

сиёсат

МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ баргузор шуд.
Дар машварат Сарвазир, муовини якум ва муовинони Сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратии мамлакат иштирок намуданд.
Зимни машварати корӣ масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бо ҷалби таваҷҷуҳи ҳозирин ба муҳимияти масъалаҳои рӯзномаи кори машварат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти Шӯроҳо ва комиссияҳои давлатию ҳукуматӣ, хусусан дар бахшҳои иқтисодӣ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба масъулони дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Масъалаҳои дигари тақвияти тадбирҳои ободонию созандагӣ ва таъмини бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ низ дар кори маҷлис баррасӣ шуда, роҳбарони вазорату идораҳо бобати таъмини саривақтии амнияти озуқаворӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои барномаю нақшаҳои соҳаи кишоварзӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварӣ ва захираю нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бахусус меваю сабзавот, ғалладонагиҳо ва хӯроки чорво вазифадор гардиданд.
Аз иштирокчиёни машварат таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва истифодаи самараноки боғу марказҳои фарҳангию фароғатӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар биною иншооти истироҳатию солимгардонӣ талаб карда шуд.
Дар анҷоми машварати корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратӣ барои ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дархосту муроҷиатҳои онҳо, наздикии бештар ба аҳолӣ, риояи ҳатмии муқаррароти қонунгузории мамлакат, таъмини фаъолияти муназзами марказу муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо ва иншооти варзишию солимгардонӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2017    №: 124    Мутолиа карданд: 475

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед