logo

сиёсат

МАРОСИМИ ГУСЕЛИ РАСМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ АРМАНИСТОН

15 июни соли 2017 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо натиҷаҳои бобарор ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Арманистон ба анҷом расид.

Расми гусели Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун маросими истиқболи расмӣ дар назди “Қасри Президент” ба таври бошукӯҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Арманистон баргузор шуд.
Барои гусели меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони назди қаср бо парчамҳои давлатии ду кишвар, сафҳои горди фахрии Арманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста буд.
Маросими бошукӯҳи гусел бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ба поён расид.
Ёдовар мешавем, ки сафари навбатии расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо қабули бастаи нави санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба анҷом расид. Бо қабули санадҳои нав маҷмӯи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Арманистон ба беш аз 40 адад расида, ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, телекоммуникатсия ва алоқаи почта, илму маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш ва ғайраро дар бар мегирад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян бо эҳтироми хос ва самимӣ гусел намуд.
15 июн, баъди анҷоми сафари бобарори расмӣ дар Арманистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ереван ба Ватан баргаштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2017    №: 128    Мутолиа карданд: 502

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед