сиёсат
ДАР ҚАЛАМРАВИ САОДАТ
Баъд аз панҷ соли даргирҳои хонасӯз ва интизориҳои лаҳза ба лаҳза муждаи сулҳ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ басо гуворову умедворкунанда ба рӯзу рӯзгори хуш буд. Паёми сулҳ барои мардуми тоҷик он қадар фараҳафзову гаронарзиш буд, ки онро баъзеҳо дар зеҳни худ бо пирӯзии бобову падаронамон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қиёс мекарданд…
27 июн барои миллати тоҷик санаи муҳиму хотирмон, ҳодисаи тақдирсозу таьрихӣ аст. Бо гузашти моҳҳову солҳо мо бештар ба дарки он мерасем, ки воқеан ин санаи муборак рӯзи наҷоти миллату давлат будааст. Кунун мо дар партави сиёсати ваҳдатоину созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сол боз дар роҳи рушду тараққиёти бонизоми Ватани азизамон қарор дорем.
Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад ҳаводиси хунини солҳои аввали Истиқлолияти давлатиро фаромӯш кард. Мо бояд аз ин сабақи таърихӣ хулосаҳои зарурӣ бароварда, ба хидматҳои мондагору ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба сулҳу саодати миллӣ ҳамеша арҷгузор бошем. Зеро баъд аз сафари таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Хустдеҳи Афғонистони гирифтори ҷангу ноамнӣ дар моҳи декабри соли 1996 мардум ба умқи ҳарфҳои таърихии Сарвари давлат расиданд, ки гуфта буд: «Ман тайёрам ҷонамро барои осоиш ва ободии Ватани азизам қурбон намоям». Чунин ҷасорати бемисл ва иродаи қавӣ буд, ки кишвари мо аз доми ҷангу хунрезиҳо раҳо шуда, ба қаламрави саодат қадам гузошт.
Дар партави ҳамин сиёсати хирадмандона кишвари азизи мо сол ба сол рушду тараққиёти нав касб намуда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ навгониҳо ба амал омаданд. Гулгашту хиёбонҳои нав, иншооти дорои тайъиноти гуногун, биноҳои маъмуриву истиқоматии наве, ки то кунун бунёд гардиданд, симои шаҳру ноҳияҳои мамлакатро қабои тоза бахшидаанд. Албатта, ин ҳама саодати рӯзгор ва пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ танҳо баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ба даст омаданд. Роҳбарияти олии кишвар дар пиёда намудани аҳдофи сиёсати хориҷӣ муваффақ гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шуд.
Ҳоло ки мо дар фазои сулҳу суботи комил ба сар мебарем, бояд аз вазъи ҷаҳони ноором ғофил набошем. Ба умқи бозиҳои геосиёсӣ сарфаҳм рафта, нагузорем ки ба ин неъмати бебаҳо - ваҳдати миллӣ халал ворид шавад. Бо нигоҳе ба ҳаводиси сангини кишварҳои арабӣ, назири Сурия, Либия, Ироқ, Яман ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистону дигар кишварҳои ноамни сайёра ба қадри ваҳдати миллӣ, ки муҷиби пешрафтҳои рӯзафзуни мост бирасем ва ин арзиши зиндагисозро беш аз ҳар вақти дигар ҳифзу гиромӣ дорем. Зеро неъмате беҳтар аз сулҳ ва ҳеч коре муҳимтар аз ҳифзи сулҳу оромиву амнияти миллӣ нест.
Мирзозода МУҲАММАД, муовини раиси суди вилояти Суғд,
Қурбониён САФАРАЛӢ, судяи суди вилояти Суғд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2017 №: 129 Мутолиа карданд: 624