logo

сиёсат

ТОҶИКОН ВА МАКТАБИ СУЛҲОФАРИИ МИЛЛӢ

Ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад, тавассути талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардид.

Маҳз бунёди мактаби сулҳофарии тоҷикон, ки асосгузор ва меъмори он Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, тавонист дар ибтидои даврони соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди шароити пурошӯби марҳалаи гузариш, ҳаводиси сиёсӣ ва фоҷиаҳои нангини ҷанги шаҳрвандӣ, Тоҷикистони моро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшад, дар дили хурду бузург эътимод ба ояндаи нек ва рӯзгори шоду хуррамро парварад ва диёри арҷмандамонро ба давлати рӯ ба тараққӣ ва шинохтаи ҷаҳони муосир табдил диҳад.
Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид борҳо иброз намуда буданд, буҳрони сиёсӣ ва ниҳоят фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро ба вартаи нооромӣ ва шикаст мебурд. Муқовимати байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик воқеан ҳам барои халқи тоҷик, «як навъ фоҷиаи миллӣ»  гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ барои Тоҷикистон хисороти зиёди молию ҷонӣ расонд, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, зулму ситам ва қонуншиканиҳо кишварро фаро гирифтанд. Дар чунин шароити ҳассос қувваҳои солими ҷомеа, ки онҳоро сарнавишти миллат ва ояндаи Ватан бетараф намегузошт, ба ҳимояи сохти конститутсионӣ бархостанд.
Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ тарафҳои даргирро ба музокирот даъват мекард, ба такрор мегуфт, ки яроқро ба замин гузоранд ва ба сулҳу ваҳдат биёянд. Суханони ӯ - биёед, хусумат ва кудуратҳоро як тараф гузорем, бародарвор дасти якдигарро бигирем ва ба кори созандагӣ пардозем, танҳо дар ягонагӣ мо метавонем Тоҷикистони азизамонро аз вартаи ҳалокат ва парокандагӣ нигоҳ дорем ва онро ба давлати тараққикардаи воқеан соҳибистиқлол табдил диҳем, дар дили мардум шуълаи умедро мунаввар сохтанд. Барои ба даст овардани сулҳ ва ризоият кӯшишҳои пай дар пай, гузаштҳои зиёд, иродаи қавӣ ва умед ба ояндаи нек ҳадафу мақсади тарафҳо гардид, ки баъди ҳар гуфтушунид натиҷаҳои боровар медод. Роҳбарияти сиёсии кишвар дар он рӯзҳо барномаи сулҳ ва ризоияти миллиро рӯйи кор овард, ки муҳтавои он аз ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои сиёсӣ бо роҳи гуфтушунидҳои байниҳамдигарии тарафҳо иборат буд. Маҳз дар ҳамин ҳолатҳои барои миллати тоҷик ҳассоси муқовимат ва буҳрони сиёсӣ дар замири афкори фарҳанги сулҳофарӣ бо ҳидоят ва кӯшишҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисси эҳтиром ба арзишҳо ва идеяи миллӣ боло гирифт, ки тавонист дар марҳалаи кӯтоҳи таърих тарафҳои даргирро ба ҳам орад.
27-уми июни соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифони тоҷик дар шаҳри Маскав ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд. Ба имзо расидани ин санади сарнавиштсоз дар таърихи навини кишварамон воқеаи дорои аҳамияти калони таърихӣ ва комёбии беназири халқи тоҷик ба шумор меравад. Дар созишнома омадааст: «Бартарияти аз ҳама арзишманди миллати тоҷик ин ба даст овардани сулҳ ва оштии миллӣ байни ҳамаи тоҷикистониён, новобаста аз миллат, мавқеи сиёсӣ, эътиқоди динӣ ва мавқеи минтақавии аҳолӣ мебошад». Имзои созишнома барои бунёди ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон мусоидат намуд, ки дар натиҷаи он дар кишвар сулҳу оромӣ ба вуҷуд омад ва барои ҳаёти осоишта ва инкишофи кишвар шароити мусоид муҳайё гардид.
Ҳамин тавр, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ нишон дод, ки дурнамои сиёсати миллӣ ба эҳёи давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисоди кишвар вобаста аст. Яке аз падидаҳои неки ин сиёсат фалсафаи сулҳофарии гузаштагони мо мебошад. Бесабаб нест, ки таҷрибаи нодири Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи баргардондани гурезаҳо ва дар мамлакат фароҳам овардани сулҳу оштӣ чун сиёсати беҳтарини давлатдорӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр мамлакатҳои ҷаҳон эътироф гардида, мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирифтааст.  
Ваҳдат ва ризоияти миллии тоҷикон дорои аҳамияти бузурги таърихист, ки аз баракати он дар сарзамини биҳиштосои тоҷикон суруду таронаҳои дӯстӣ танинандоз гардиданд. Ва ҳоло сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу субот, дар раванди нави ҷомеаи демократӣ собитқадамона пеш мераванд ва ҳамқадами ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ мегарданд. Масъулияти  бузурги мо - шаҳрвандони кишвар дар рӯзҳои омодагиҳои ҷашнӣ бахшида ба 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин арҷгузории падидаи сулҳ ба шумор меравад, ки асосгузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ҳамзамон, дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат дар ин рӯзҳои ҷашнӣ ба он равона шудааст, ки мо асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро бо ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат тақвият бахшем. 
Пиралӣ НАЗАРОВ,
мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии
Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2017    №: 129    Мутолиа карданд: 606

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед