logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ВАРЗИШ ОММАВӢ МЕГАРДАД

Тавре ба мушоҳида мерасад, имрӯзҳо дар ҳар як гӯшаи пойтахт корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар ҳоли авҷ аст. Масъулон талош меварзанд, ки биноҳои нав, аз ҷумла иншооти варзиширо ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ сохта, дар муҳлати пешбинигардида мавриди истифодаи умум қарор диҳанд.
Раҳматшо Камолов, директори Муассисаи давлатии нигоҳдошт ва истифодабарии иншооти варзишии оммавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, изҳор дошт, ки тибқи нақша то охири соли равон дар қаламрави пойтахт иловатан 86 майдончаи муосири варзишию солимгардонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Айни замон сохтмон дар иншооти мазкур бо ҷалби кормандони соҳибтаҷрибаи бахши сохтмон ва меъморӣ босуръат идома дорад. Қисми бештари ин майдончаҳои варзишӣ то Ҷашни 20 - умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва боқимондаи он дар остонаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Соҳибкори ватанӣ Маҳмуд Муродов бунёди 10 майдончаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдаконаро ба уҳда гирифтааст. Ҳоло 56 майдончаи варзишие, ки аз соли 2010 то 2015 дар истифодаи умум қарор дошт, аксаран таъмирталабанд. Аз ин рӯ, бо дастгирии раиси шаҳр аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ таъмир шуда истодаанд.
Бунёди аксар майдончаҳоро вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ба зимма гирифтаанд. Чунин як иншооти варзишӣ, ки бо ташаббуси Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар кӯчаи Н. Қарабоев, назди биноҳои рақами 55 ва 57 бунёд ёфта истодааст, дар арафаи анҷомёбист.
Дар навбати худ сокинон низ вазифадоранд, ки фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намоянд, ба қадри ин заҳмату талошҳо расанд, гирду атрофи майдончаҳои варзиширо тозаю озода нигоҳ доранд. Зеро ободию зебоии пойтахт ба муносибати ҳамарӯзаи мо - шаҳрнишинон пайвастагии зиёд дорад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2017    №: 131    Мутолиа карданд: 353

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед