logo

иҷтимоиёт

РОБИТА БО ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ. ИҚТИДОРЕ БАРОИ ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Пойдории сулҳу ваҳдат дар мамлакат баробари рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёт робитаи ҳамватанони бурунмарзиро бо ҳаммиллатону ҳамдиёронашон густариш бахшид.

Хусусан тайи солҳои охир, бо талошу кӯшишҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  дар асоси санаду шартномаҳои байналмилалӣ фазои мусоиди  рафтуомад ва муносибатҳои ҳамаҷонибаи ҳамватанони бурунмарзӣ  муҳаё гардид. “Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар” аз соли 2011  ба тасвиб расид.  Дар  он  самтҳои ҳамкорӣ бо тоҷикони мамолики дигар  ва механизми татбиқи консепсия  дарҷ гардида, иқтидору ҳавасмандии диаспора  ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҳамватанон дар кишварҳои хориҷӣ  ба инобат гирифта шудаанд.
Баҳрагирӣ аз  зарфияти ҳамватанони хориҷӣ  барои рушди ҳамкории сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз самтҳои муҳиму самарабахш  дар соҳаи сиёсати хориҷии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳои  созанда бо онҳо  барои беҳбудии будубоши  шаҳрвандони кишвар дар хориҷа,  боз ҳам баланд бардоштани эътибори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ва ободонию шукуфоии мамлакат  нақши муҳим дорад.
Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, котиби якуми раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии мамлакат,   баъд аз он ки  Сарвари давлат «дар Ватани аҷдодии хеш низ нақше аз худ гузоред», - гуфта аз ҳамватанони хориҷӣ даъват намуданд,  даҳҳо нафар соҳибкорони тоҷики муқими Русия барои  ободии диёр дасту остин барзаданд. Айни  замон  аз ҳисоби ҳамдиёрони  муқими кишварҳои хориҷӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ  бунёди корхонаҳо ва  иншооти иҷтимоию  фарҳангӣ ба роҳ монда шудааст.  Чунин ташаббусҳои созанда аз натиҷаҳои назарраси  сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар  бо ҳамватанони бурунмарзӣ бармеояд. Ин раванд то рафт  густариш пайдо намуда истодааст.
Ҳоло дар қаламрави кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қариб 100  ташкилоти ҷамъиятӣ ва диаспораи  тоҷикон ба таври расмӣ  фаъолият дорад. Кори  онҳо барои дастгирию ҳимояи  тоҷикони дигар, ҳамчунин, нуфузи халқи тоҷик ва татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳон, нақши калидӣ дорад.  Тавассути  тақвият бахшидани  робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ  барои фаъолияти  шаҳрвандони кишвар дар мамлакатҳои хориҷ, хусусан дар бахши тиҷорат ва сармоягузорӣ, имконияти васеъ фароҳам хоҳад омад. Ҳамчунин,  дастгирии ҳамватанони хориҷие, ки дар давлатҳои дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, дар оянда баҳри рушди истеҳсолоти ватанӣ, воридоти технологияи навин ва сармоягузории бахшҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Дар ин маврид  тадбирҳои нав андешидани масъулон  зарур аст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2017    №: 143    Мутолиа карданд: 455

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед