logo

сиёсат

ТАЪРИХ. ЧАНД САТРИ НОГУФТА

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар баробари дигар халқу миллатҳо мардуми тамаддунофари тоҷик 9 сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст овард. Вале бадхоҳони миллати тоҷик бо ҳар роҳу васила талош карданд, ки фазои ҷумҳурии тозаистиқлолро ба чолиш кашанд. Дар пайи ин дасисаҳо гирдиҳамоиҳои пайдарпай, таҳдиду фишор ба вакилони мардумӣ ва аъзои Ҳукумат рӯз ба рӯз меафзуд ва дар ниҳоят моҳи майи соли 1992 ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид.
Бесарусомониҳо дар шаҳри Душанбе ва вилояти Қӯрғонтеппа авҷ мегирифтанд, собиқ вилояти Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт, гурӯҳҳои силоҳбадаст шабакаҳои иттилоотиро ба тобеияти худ дароварда буданд. Дар як муддати кӯтоҳ тамоми шохаҳои давлатдорӣ фалаҷ гашта, заводу фабрикаҳо аз фаъолият бозмонданд. Муноқишаҳои дохилӣ ба он оварда расонданд, ки мардум ба ояндаи нек бовар намекарданд. Хушбахтона, тирамоҳи соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардиданд. Хуб дар ёд дорам, ки роҳбари вилоят 1-уми ноябри соли 1992 дар ҳузури вакилони халқ, қумандонҳои саҳроӣ ва раиси Фронти халқии Тоҷикистон дар бораи ваҳдати миллӣ сухан ронда, барои дӯстию рафоқат ва якпорчагии Тоҷикистон чунин даъват ба амал оварданд: «Агар мо ваҳдати миллӣ ва сулҳу салоҳ надошта бошем, Тоҷикистон ҳеҷ вақт осудаву ором намешавад. Ман Тоҷикистони азизамро бе Бадахшону Зарафшон, бе Раштонзамину Хатлонзамин тасаввур карда наметавонам. Имрӯз, ки шумоён маро сазовор дониста роҳбари вилояти Кӯлоб интихоб кардед, фаъолияти кориамро аз сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ оғоз менамоям ва ҳамзамон аз ҳамаи шумоён эҳтиромона хоҳиш дорам, ки дар атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона қарор гиред».
Чунин суханҳои ватандӯстона ва дилгармкунанда дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, ки дар амал татбиқ шуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат пойдор гардид. Дар ҳамон давраи тақдирсоз, ки баъзе гурӯҳҳо такя ба хоҷагони хориҷии худ мекарданду намехостанд, ки халқи мо ба ҳам ояд, Сарвари давлат ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон боварии комил доштанд. Ин боварӣ аз иродаи мустаҳкам, ҷасорати худододӣ ва заҳмату талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод.
Баъди гузашти ҳашт даври музокироти сулҳи тоҷикон бо заҳматҳои шабонарӯзии Президенти маҳбуби кишвар 27 - уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат пойдор гардид.
Мо, хурду бузурги миллати куҳанбунёди тоҷик, имрӯз номи Эмомалӣ Раҳмонро бо ифтихор ба забон гирифта, заҳматҳои беназирашонро дар эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол арҷгузорӣ менамоем. Зеро дар фурсати кӯтоҳ таҳти сарварии ин фарзанди фарзона дар мамлакат корҳои бузурге анҷом ёфтанд, ки дар таърих назир надоранд. Гузашта аз ин, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шахси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён таҷрибаи бесобиқаи сулҳофариро нишон дод, ки ин таҷриба дар кишварҳои дигари ҷангзада мавриди омӯзишу истифода қарор дорад. Бо гузашти 20 сол беш аз пеш собит мегардад, ки хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва муваффақият дар имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз бузургтарин дастовардҳои таърихи навини миллати тоҷик маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу ватандӯстро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳои таърихиву ҳаётӣ талош намояд.
Сафаралӣ БОЗОРЗОДА,
директори Телевизиони Кӯлоб, иштирокчии
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2017    №: 143    Мутолиа карданд: 584

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед