logo

Хабарҳо

Варзиш

Дилшод Назаров – бори чорум қаҳрамони Осиё
Дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон Чемпионати XXII Осиё оид ба варзиши сабук ба анҷом расид. Гурзандози маъруфи тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио - де - Жанейро, беҳтарин варзишгари соли 2016 дар риштаи варзиши сабук дар қораи Осиё Дилшод Назаров дар ин чемпионат гурзро ба масофаи 76 метру 69 сантиметр ҳаво дода, бори чорум унвони қаҳрамонии Осиёро ба даст овард. Гурзандозони Ҷумҳурии Мардумии Чин Шизу Ванги ва Корея Ювунчул Ли бо натиҷаи 73 м. 81 см.  73 м.77 см. мутаносибан мақомҳои дувуму сеюмро касб намуданд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии мамлакат, Тоҷикистон бо як медали тилло дар миёни 45 кишвар мақоми 13-умро сазовор гашт. Ҷойҳои якуму дувуму сеюмро мутаносибан Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон соҳиб шуданд.

Мунтахаби ҷавонони кишвар ба Ал-Айн рафт
Таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол, соли таваллудашон то  1995, қабл аз оғози мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё – 2018 ҷиҳати баргузории бозии охирини санҷишию дӯстона бо тими мунтахаби ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб озими шаҳри Ал-Айни АМА гардид.
Дирӯз ин дидори дӯстона доир гашт ва он бо натиҷаи 2:1 ба фоидаи соҳибони майдон ба анҷом пазируфт.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби ҷавонони кишвар аз 19 то 23 июл дар шаҳри Ҳеврони Фаластин дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои Фаластин, Бангладеш ва Урдун барои дарёфти роҳхат ба дидорҳои финалии Чемпионати Осиё - 2018 зӯрозмоӣ хоҳад кард.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 86

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед