logo

сиёсат

БЕ ТАҚЛИД БИАНДЕШЕМ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 - сола шуд. Ба ин муносибат 11 июли соли ҷорӣ дар Кохи Борбад мулоқоти таърихии басо самимӣ, пурмуҳтаво ва хотирмони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар баргузор гашт. Таърихи даҳсолаи ин қонуни миллӣ дар суханронии Пешвои миллат ба таври амиқ таҳлил шуд ва барои такмили минбаъдаи он пешниҳодҳои мушаххаси асоснок ироа гардиданд. Суханронӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамон рӯз ба нашр расид ва дар сартосари кишвар паҳн шуд. Субҳи имрӯз аллакай ба нишонии нашрия даҳҳо номаҳои мардуми аз сиёсати хирадмандонаю адолатпарваронаи Пешвои миллат шукргузор ворид гаштанд, ки муҳтавои онҳо дастгирии пурраи пешниҳодҳои Сарвари давлат ва иҷрои оқилонаи муқаррароти ин қонун мебошад. «Ҷумҳурият» тасмим гирифт, ки чанд намунаеро аз ин номаҳои ихлос ба муштариёни бисёрҳазорнафараи худ пешниҳод созад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар мулоқот ба муносибати 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ ва фарҳанги пешрафта таваҷҷуҳи мардумро ҷалб сохта, таъкид доштанд, ки ҳамаи мо бояд «барои васеъ кардани ҷаҳонбинии худ саъю кӯшиш карда, дар пайи тақлиди унсурҳое, ки кишварро ба асрҳои миёна мебаранд, талоши беҳуда накунем».
Дар ин росто, Пешвои муаззами миллат дар мазаммати тақлидкорӣ аз ашъори донишманди бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207 - 1273) як иқтибосе оварданд, ки хеле баҷо ва муассир буд:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!

Дар ҳақиқат ҳам, тақлидкорӣ пешаи хеле номатлуб буда, махсусан дар соҳаи илму фарҳанг ба карахтию бозмондагӣ ва бозгашт ба аслҳои фартутшудаю аз зарурат бурунгардида ҳидоят мекунад. Мавлоно, ки то ҳанӯз ҳам дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб маҳбубияти хеле зиёд дорад, зимни таҳқиқи маърифати ақлонии олам ба мавзӯи таъвил, тақлид ва иҷтиҳод дахл намуда, таъкид мекунад, ки ақл қобили таъвили хештан буда, барои инсон дониши зиёде медиҳад. Тақлид, пайравии кӯр-кӯронаро бошад, мутафаккир зери тозиёнаи танқид мегирад, зеро муқаллид аз назари ӯ монанди карест, ки дар як ҳазл ду бор механдад – бори аввал дар қатори дигарон ба тақлиди онҳо ва бори дигар ба фаҳми худ. Тақлид барои Мавлоно зидди иҷтиҳод аст ва дар ҳар ду навъи худ – тақлид дар усул ва тақлид дар фурӯъ бо дин мухолифат дорад. Аз ин рӯ, ба ақидаи мутафаккир, муъмини ҳақиқӣ ба олам бе тақлид назар мекунад. Дар ин бобат дар дафтари шашуми «Маснавии маънавӣ» омадааст:
Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар,
Мангар аз чашми сафеҳе бехабар.
Гӯш дорӣ, ту ба гӯши худ шунав,
Гӯши гӯлонро чаро бошӣ гарав?
Беҳ зи тақлиде назарро пеша кун,
Ҳам барои ақли худ андеша кун.

Дар робита бо ин мардуми моро зарур аст, ки имрӯз ҳам таҳти ҳидояти Мавлоно ва садҳо донишмандони дигари бузурги худ рафтор намуда, аз ҳар гуна тақлидкориҳо худдорӣ намояд. Ин амалро махсусан дар тарзи либоспӯшӣ ва симои зоҳирӣ бояд тақвият диҳем, зеро агарчи ин унсурҳо дар мадди аввал ҷузъӣ ба назар мерасанд, вале дар ниҳояти кор сабабгори косташавии пояҳои бунёдии фарҳанги миллат мегарданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати ҳуқуқбунёд аст, тибқи Конститутсияи он сарватҳои фарҳангӣ ва маънавӣ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Либос ва симои зоҳирӣ низ ҷузви ҷудонашавандаи фарҳанги миллат ва болотар аз ин, муаррификунандаи миллатанд. Аз ин рӯ, имрӯз зарурати он пеш омадааст, ки дар самти ҳимояи ин унсурҳои фарҳангии хеш давлати мо чораҳои муассир андешад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамудем, ки зимни такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ ин вазъ ба эътибор гирифта шуда, ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идориашон, ҳуқуқ дода шавад, ки дастур оид ба симо ва либосҳои тавсиявии кормандонро дар асоси талаботи истеҳсолӣ ва касбӣ, шароити иқлимӣ, меъёрҳои фарҳангӣ ва ахлоқии муҳити маҳал, минтақа ва кишвар таҳия ва иҷрои талаботи онро аз ҷониби кормандон назорат намоянд.
Хуршед ЗИЁӢ,
доктори илми фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2017    №: 145    Мутолиа карданд: 559

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед