logo

иқтисод

ВАХЁ. ИҚЛИМИ ОН БАРОИ РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ МУСОИД АСТ

Парвариши  гӯсфандони зоти дарвозӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз соҳаҳои афзалиятнок ва камхарҷи  хоҷагиҳои кооперативӣ, зотпарварӣ, деҳқонӣ ва хусусии Ҷамоати деҳоти Сағирдашт маҳсуб меёбанд. Дар саросари водии баландкӯҳи Вахё бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои зиёди ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ ҷараён доранд. 
Дар минтақа қариб 9200  сар чорвои калон, 22 ҳазор сар  моли майда ва 4600 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Ҳамзамон,  тобистону аввали тирамоҳ зиёда аз 210 ҳазор сар бузу гӯсфанд аз ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон дар пуштаҳои фарох ва дараву марғзорҳои  сералафи водии Вахё мечаранд.  Ҳазорон гектар чарогоҳҳои сабзпӯш, ки аз  соҳили рӯди Хингоб - мавзеъҳои Дашти Шер, Марғаку Пастироғ ва Лангарро ибтидо гирифта, то ҳамвориҳо ва пуштаҳои  даштҳои Мазору Мурғобӣ ва талу теппаҳои  ағбаи Хобурубот доман паҳн кардаанд, барои  парвариши чорво ва занбӯри асал хеле мусоиданд. Чарогоҳ барои саршумори  зиёди чорво басанда аст.
Ба гуфтаи Носирзода Умеди Саидҷон, муовини аввали раиси ноҳияи Дарвоз, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия   аҳли деҳоти хоҷагиҳои водии Вахё дар иҷрои  яке аз ҳадафҳои асоситарини  стратегии Ҳукумати кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиби худро мегузоранд. Онҳо  на танҳо эҳтиёҷоти худашонро бо гӯшту шир таъмин менамоянд, балки ҳамасола ба бозорҳо ва муассисаҳои хӯроки умумии шаҳраки Қалъаи Хумб даҳҳо тонна маҳсулот ворид месозанд. Чорвопарварон ва занбӯриасалпарварон  маҳсулоти худро ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Хоруғ низ   интиқол медиҳанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2017    №: 146    Мутолиа карданд: 112
26.07.2017


ДУШАНБЕ. Афзалият ба саноат

Буриши ғайриқонунии дарахтон кам гардид

Мақсад - боло бурдани сатҳи зиндагӣ

Маҳсули гармхонаҳо афзуд

25.07.2017


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ ва Квон Ён У

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба матраҳ гашт

Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қароқум боз шуд

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ. Наздики 900 ҷиноят ошкор шуд

Қарзи истифодабарандагони об ба 95,5 миллион сомонӣ расид

ИСТАРАВШАН. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

РОҒУН. Афзалият ба маориф

Қарзи бонкҳо 34 дарсад коҳиш ёфт

24.07.2017


Ҷоришавии низоми пардохти электронӣ

Иштироки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии махсуси СММ

Баррасии сатҳи хизматрасонӣ

Таъсиси Шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА

Парвандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд

Ш. Орумбекзода: "Дар соҳаи фарҳанг ҳанӯз мушкилот зиёданд"

Нақшаи андоз 102,1 дарсад таъмин гардид

ДМИТ. Теъдоди аълохонон меафзояд

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ. Бурдҳо ва бохтҳо

10 медали тиллои дастпарварони ДТҶТ

22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед