logo

фарҳанг

"РӮЗНОМАИ БИНОКОРОН". ТАЪРИХНОМАИ БУНЁДКОРӢ ВА СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ

Дар кишварамон системаи матбуот дар замони истиқлолият хеле густариш ёфт. Даҳҳо номгӯи рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ ба майдон омаданд, ки дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ҷидду ҷаҳд менамоянд. Дар саҳифаҳои онҳо ҳаёти кишвар пурратар инъикос меёбад.

Яке аз рӯзномаҳое, ки бо маънии пуррааш маҳсули комили замони истиқлол аст, «Рӯзномаи бинокорон» - «Строительная газета» мебошад. Дар Тоҷикистон то ба он нашрияе, ки ба ин соҳаи ҳаёти хоҷагии халқ вақф шуда бошад, вуҷуд надошт.
Пас аз он ки дар Тоҷикистон сулҳи комил барқарор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ободии диёр, навсозии шаҳру деҳотро  аз вазифаҳои муҳими рӯз арзёбӣ намуданд.
Дар оғози асри нав корҳои сохтмониву ободонӣ ба ҳадди баланд расид. Дар кишвар шояд ягон шаҳр ё маркази ноҳияе вуҷуд надошта бошад, ки дар симои он дигаргунии фараҳбахшкунандаро набинем. Сохтмонҳои азими замонавӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ҳисор, Данғара ба миён омаданд. Дар хусуси навсозиву навкории шаҳри Душанбе ҷойи гап ҳам нест. Танҳо марказҳои фарҳангию фароғатии сохташуда дар маҷмӯъ як шаҳри алоҳидаро ташкил медиҳанд. Маҳз барои инъикоси меҳнати бунёдкорона, нишон додани симои нави кишвар ва саҳм варзидан дар ин дигаргуниҳо «Рӯзномаи бинокорон» ба майдон омад.
Мутаассифона, нахустмуассисони «Рӯзномаи бинокорон» натавонистанд, ки  аз лиҳози моддӣ онро хазинадорӣ намоянд. Бинобар ин, нашри онро Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма гирифт. 
Нашрияи мазкур дар ҳаҷми 12 – 16 саҳифаи қатъи хурд ба шеваи моҳвора нашр мешавад. Он дузабона бошад ҳам, матнҳои тоҷикӣ аксарияти матолибро ташкил медиҳанд. Ба мисли нашрияҳое, ки хусусияти фаврии ҳамарӯза надоранд, «Рӯзномаи бинокорон» низ ба матолиби таҳлилии касбӣ бештар диққат медиҳад ва аз маводи хабарӣ танҳо онҳоеро ба кор мегирад, ки дар арафаи рӯзи нашр рух додаанд.
Муҳтавои ин нашрияро ба чанд гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст, ки яке аз дигаре ҷолибтар аст.
Дар «Рӯзномаи бинокорон» аз суратҳо устодона истифода бурда мешавад. Миёни онҳо суратҳои корӣ, манзаравӣ ва портретҳо бештар ба назар мерасанд. Барои мисол суратҳои манзаравии ба сохтмон ва ободӣ бахшидашуда танҳо манзара не, балки дар худ иттилооти мукаммалеро ҷой медиҳанд.
Бо дили пур гуфта метавонем, ки «Рӯзномаи бинокорон» ҳамқадаму ҳамнафаси зиндагӣ, мубаллиғи дастовардҳои замони истиқлолият ва пешрафти ҷумҳурии азизамон мебошад.
И. УСМОНОВ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2017    №: 146    Мутолиа карданд: 196

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид

Пазироии Бангкок аз намояндагони СҲШ ва ЭСКАТО

Норасидтарин кӯдаки дунё дусола шуд

11.11.2017


Баррасии масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ

Тасвиби Ёддошти тафоҳум байни Вазорати мудофиа ва САҲА

Вохӯрӣ бо Мирча Чиопрага

Ҷарроҳии ройгони кӯдакон ва наврасон

ФУТБОЛ. Тими ҷавонони кишвар ба Чемпионати Осиё роҳхат гирифт

09.11.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар

Таҷлили Рӯзи милитсия дар Тоҷикобод

Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ омаданд

ФУТБОЛ. Ин бор миёни бонувон

Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп дар ҳамоиши АТЭС қазияи ҶХДК - ро баррасӣ мекунанд

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «Давлати исломӣ»-ро ба муҳосира гирифт

СММ давлатҳои арабро ба лағви муҳосираи Яман даъват намуд

Столтенберг: «Пас аз торумори «ДИ» амалҳои террористӣ дар Аврупо ва ИМА эҳтимол доранд»

Маҳви 54 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Дар Арабистони Саудӣ 800 миллиард долларро мусодира мекунанд

06.11.2017


Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Тақвияти ҳамкориҳо бо Япония


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед