logo

фарҳанг

СУННАТҲОИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ. САДОҚАТ БА ОНҲО РОҲИ МУАССИРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОИСТ

Мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгароӣ имрӯз ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятию сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Чунин воқеият моро водор менамояд, ки пайгирона дар ҷустуҷӯи роҳҳои муассири решакан кардани сарчашмаҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии он бошем.
Бо зикри ин нуктаи муҳим дар саммити сарони давлатҳои олами арабу ислом ва Амрико, ки дар Арабистони Саудӣ 21 майи соли 2017 баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид карданд, ки пирӯзӣ бар терроризм танҳо бо истифода аз неруи низомӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавие, ки терроризм ҳамчун зуҳурот аз онҳо маншаъ мегирад, бояд муайян ва пурра омӯхта шаванд. 
Барои дарки дурусти аҳамият ва моҳияти ин мавзӯи мубрами рӯз дар ҷомеа олимон, муҳаққиқон ва коршиносони ватанию хориҷӣ пажӯҳишҳои қобили мулоҳиза анҷом додаанд. Онҳо ба паҳлуҳои гуногуни ин масъала рӯшанӣ андохта, роҳу василаҳои баромадан аз ин мушкилоти воқеан глобалиро  пешниҳод менамоянд. Таҷрибаи омӯзиши чанд соли охир собит сохтааст, ки раванди ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ пайвастани ҷавонон, алалхусус гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» аз роҳҳои муассиру пуртаъсири ҷалб ва ташвиқи андешаҳо корандозӣ мегардад. Эътироф бояд намуд, ки мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ фаъолияти худро аз таблиғоти содаву таъсирнок оғоз карда, баъд аз мураккабтарин роҳу василаҳо, назири воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва моҳвораю шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадафмандона истифода мебаранд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ниҳодҳои қудратии кишвар, ташкилоту идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, созмонҳои  ҷамъиятӣ, шабакаҳои телевизион ва радио, матбуоти даврӣ тадбирҳои муассир андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. Аммо дар ин самт ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд. Аз ҷумла, нокифоягии сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, риоя нагардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, зуҳуроти беадолатӣ ва пайдо шудани ҳолатҳои коррупсионӣ метавонанд ба афзоиши рӯҳияи тундгароӣ ва ҳассосияти мардум ба таблиғоти  иғвогарона  замина гузоранд. Дар ин маврид бояд ба мардум, бахусус ҷавонон хатари экстремизму терроризм, бо овардани мисолҳои мушаххас фаҳмонда шавад. Оид ба ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта дар шабакаҳои телевизионӣ ва матбуоти даврӣ рубрикаи алоҳида ташкил намуда, зери он шахсони ба ин гурӯҳҳо мусоидаткунанда, мақсадҳои ғаразноки ҷинояткорон ва шахсони гумроҳ фош гарданд.
Дар ростои мубориза бо ифротгароӣ 18 марти соли 2015 дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эзоҳе илова гардида буд, ки зикри онро ба мақсад мувофиқ меҳисобем: «Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар ваҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди  мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад». Ин беҳтарин гузашт аст, то пеши роҳи гароиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ гирифта шавад. 
Насли наврас ҳамчун сарчашмаи асосии созандагӣ ва бунёдкорӣ барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз нақши муҳим дорад. Наврасони мо бояд дар рӯҳияи эҳтиром ба инсон тарбият гирифта, новобаста аз мансубияти миллӣ ва мазҳабӣ барои онҳо шароитҳое  муҳайё  намудан лозим аст, ки аз зуҳуроти иттилооти манфӣ дар канор бошанд. Мо дар якҷоягӣ ин мушкилотро омӯхта, оид ба пешгирӣ ва фаҳмондадиҳии хатари фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро пайваста заҳмат кашида, дар таъмини рушди устувори кишвар масъул ҳастем. Имрӯз моро дар ин самт таваҷҷуҳи зиёдтаре мебояд. Зеро таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳар як фарди  бонангу номуси миллатро муваззаф месозанд, ки дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таърих ва фарҳанги безаволи миллӣ, арзишу муқаддасоти динию мазҳабӣ, баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши чашмрас гузорад. 
Сафаралӣ  СОБИРОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.07.2017    №: 147    Мутолиа карданд: 504
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед