logo

иқтисод

ЁВОН. БОЗ ЯК ДАСТОВАРДИ САНОАТӢ

Санги асоси ҶДММ «Ширкати байналмилалии  Чунгтсай Моҳир семент» - дуюмин корхонаи азими сементбарории ноҳияи Ёвонро, ки дар ҷойи собиқ комбинати хонасозӣ таъсис ёфтааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2014  гузошта буд. Барои бунёди корхона дар 20 гектар замин  сарфи 120 миллион доллари ИМА пешбинӣ шуд. Дар муддати 2 соли сохтмони корхона 500 коргар, асосан кормандони маҳаллӣ,  бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ноҳия дорои захираи бузурги ашёи хом - оҳаксанг, гилхок ва гачсанг буда, корхонаҳои фаъол метавонанд садсолаҳо бо масолеҳи зарурӣ таъмин бошанд. Лоиҳакашон барои таъмини корхона ва кори мутассили он оҳаксанги мавзеи Хучак, гилхоки Майдон ва гачсанги Гармчашмаро лоиқ донистанд. Ҳамаи конҳо пешакӣ мавриди омӯзиши геологӣ қарор ёфта, барои истифодаи онҳо иҷозатномаҳои махсус гирифта шуданд. Танҳо суръату сифати баланди кор аз рӯйи лоиҳа метавонист муҳлати ба истифода додани иншооти барои иқтисодиёти ноҳия ва ҷумҳурӣ заруриро тезонад.
Ширкати  «Чунгтсай» - и Ҷумҳурии  Мардумии Чин, ки дар бунёди чунин иншоот таҷриба, сармоя, техника ва мутахассисони баландпоя  дорад, аз уҳдаи сохтмони муҳташам ба хубӣ баромад. Августи соли 2016 дар арафаи 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи семент дар вазъияти ботантана ба истифода супурда шуд. Ба фаъолияти он як сол шуда бошад ҳам, аллакай ширкати «Чунгтсай Моҳир семент» дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ мавқеи мустаҳкам пайдо намуда, иқтидори содиротии ҷумҳуриро афзудааст. Ҳоло аз ҳисоби маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» ва «Чунгтсай Моҳир семент» соле ба хориҷи кишвар зиёда аз 500 ҳазор тонна сементи навъҳои М - 400 ва М - 500 содир карда мешавад. Тавассути ин корхонаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари воридсозандаи ин навъ маҳсулоти зарурии сохтмонӣ ба содиротсозанда табдил ёфтааст.
Ба наздикӣ дар назди корхонаи ширкати  байналмилалии «Чунгтсай Моҳир семент» коргоҳи истеҳсолкунандаи халтаҳо барои семент ба истифода дода шуд. Аз рӯйи иттилои кормандони корхона, қаблан ҳар халта аз хориҷи кишвар бо нархи 3 сомонӣ ворид мешуд. Акнун дар коргоҳи нав ҳар дона халтаро бо арзиши 60 дирам истеҳсол мекунанд, ки боиси коҳиш ёфтани нархи семент гардидааст. Ҳамчунин, баъди ба кор оғоз намудани коргоҳи нав зиёда аз 50 коргари маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Коргоҳи ширкат аз рӯйи дархости дигар корхонаҳои сементбарорӣ низ  халтаҳои босифат тайёр намуда, дар коҳиш додани арзиши семент саҳм мегирад.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2017    №: 148    Мутолиа карданд: 197

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд

Баррасии масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ

"Ҳафтаи соҳибкорон - 2017" дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

10.10.2017


Давлаталӣ Саид: «Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ иқтидори воқеӣ дорад»

Баргузории ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Барқарорсозии ҳамкориҳо бо Бонк де Франс

Дар Хуҷанд «Маркази савдои Ӯзбекистон» ифтитоҳ гардид

Саидҷамол Саидов барандаи Ҷоми Президент

09.10.2017


Баррасии роҳҳои баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ

Тавсеаи ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Беларус

Таъсиси Фонди бозтамвил

Мулоқот бо вазири мудофиаи Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед