logo

сиёсат

ТАНЗИМ. АЗ БУНЁДИ МАНЗИЛҲОИ НАВ ТО ТАВСЕАИ ИМКОНИЯТҲОИ МОЛИЯВӢ

Пеш аз сафари Душанбе ва иштирок дар мулоқоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба муносибати 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи тақозои вазифа  дар аксари ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа  оид ба нақши ин қонуни миллӣ дар беҳбуд бахшидани сатҳи рӯзгорашон суҳбату мулоқотҳои ошкоро ва судманд доштам. Аксарият қабули қонунро таҳаввулоти ҷиддӣ дар фазои иҷтимоии кишвар арзёбӣ  намуданд.

Дар деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоб мӯйсафеди ҳаштодсолае иброз намуд, ки  манзили нави  истиқоматиаш аз баракати қабули ин қонун ва сарфакорӣ сохта шудааст. Зикр кард, ки то қабули қонун  ду фарзандамро бо қарзу хароҷоти зиёд хонадор намудам. Чор фарзанди дигарамро бошад, баъди қабули қонун бо хароҷоти кам оиладор кардам ва маблағи сарфашударо  барои сохтмони манзили истиқоматӣ, ки ҳоло бо писари хурдиам зиндагӣ мекунам, истифода намудам.
Воқеан, дар аксари ноҳияҳои вилоят, чун дигар минтақаҳои кишвар, тӯю маъракаҳо бо тақлидкории бемаънӣ, зоҳирпарастӣ ва мусобиқаи байни  шахсони мансабдору сарватманд гузаронда мешуданд. Ин рақобат аз лиҳози имкониятҳои молиявӣ ва маънавӣ оилаҳои камбизоатро ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ кард. Ба хотири  таъна  нашунидан онҳо кӯшиш мекарданд, ки тӯю сур ва маъракаи азодориашон аз ҳамсояҳои пулдорашон камтар набошад ва бо ин амал тамоми умр зери бори гарони қарз мемонданд. Ба ин хотир, Президенти мамлакат аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат шуданашон барои аз байн бардоштани одатҳои номатлуб ва бемаънии ба миллати мо бегона кӯшиши зиёде ба харҷ медоданд.
Ҳамон вақт Сарвари давлат зарурати қабули қонунеро ба миён гузоштанд, ки пеши роҳи  баргузории ҷашну маросимҳои пурдабдабаю серхароҷот, зиёдаравӣ, худнамоӣ ва тақлидкориро гирад, ба мардум сабукӣ орад. Инак, аз қабули қонуни танзим  даҳ сол сипарӣ гашт ва натиҷаи амали он дар ҳузури Пешвои муаззами миллат натиҷагирӣ шуд. Президенти мамлакат дар суханрониашон таъкид доштанд: «Бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки қонуни мазкур барои арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод».
Ин дастоварду дигаргуниҳоро имрӯз дар рӯзгори ҳар хонадони мардуми кӯҳистон ба хубӣ эҳсос менамоем ва аз ин ифтихор дорем.
Сардорбек  АЗОРАБЕКОВ,
 мудири шуъбаи оид ба корҳои дин,
танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ВМКБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2017    №: 150    Мутолиа карданд: 404

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед