logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ МАРДУМРО ДАР МЕҲВАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ МУТТАҲИД СОХТ

Анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳар халқу миллат ба шаклҳои гуногун зуҳур меёбанд. Хушбахтона, зиёда аз як даҳсола аст, ки дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад, ки он дар зиндагӣ ва рӯзгори мардум тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард.
Ин даҳсола ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро баҳри сарфаю сариштакорӣ ҳангоми баргузории маросимҳои хурсандиву азодорӣ  ҳидоят намуда, имкон фароҳам овард, ки мардум ҳамқадами замон бошаду дар натиҷаи сарфакорӣ барои худ зиндагии шоиста муҳайё созад. Таҷриба нишон дод, ки ҳадаф аз танзими ҷашну маросимҳои миллӣ, агар аз як ҷониб баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат  бошад, аз ҷониби дигар дар меҳвари миллатсозӣ сарҷамъ намудани мардум аст. Агар сари ин масъала нек биандешем, дармеёбем,  ки фалсафа ё ҳикмат аз чунин тасмимгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ва порлумони мамлакат ба ҳам овардани ҷомеа мебошад, ки дар ҷаҳони имрӯз нақши бориз хоҳад дошт. 
Аз ҳама муҳимаш он аст, ки қонун расму оинҳои гуногуни минтақаҳои кишварро ба танзим дароварда, мардумро дар меҳвари арзишҳои миллӣ муттаҳид сохт. Мо шоҳид будем, ки ягар як ҷавони қисмати ҷануби мамлакат мехост аз шимоли кишвар ё баръакс ҳамсар интихоб кунад, бинобар якранг набудани расму оинҳои минтақаҳо миёни тарафҳо нофаҳмӣ сар мезад. Ин кор то ҷое буд, ки дар баъзе ҳолатҳо ба  оиладоршавии ҷавонон монеа эҷод мегашт. Мисоли равшани он дар филми мазҳакавии бадеии «Бегоҳи шанбе» ба таври возеҳ нишон дода шудааст.
Дар ҷавҳари ин қонуни миллӣ демократия  низ нуҳуфтааст, зеро ҷомеа дар қабули он фаъолона иштирок дошт ва ба воситаи он худро идора мекунад. Таҷрибаи даҳсола собит намуд, ки қонуни танзим, воқеан ҳам ба рушди ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ва ба ҳам наздик кардани расму оинҳои минтақаҳои гуногуни кишвар мусоидат намуд. Метавон гуфт, ки ҳар як санади қонунгузории кишвар баҳри беҳбудии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва рушди ҷомеа нигаронда мешавад. Тавре ки Пешвои муаззами миллат фармудаанд: “Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо назардошти имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем”.
Қурбон АҲМАДЗОД, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2017    №: 152    Мутолиа карданд: 309

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед