logo

иҷтимоиёт

ДАРВОЗ. РОҲҲОИ ХАРОБГАШТА НАВСОЗӢ МЕШАВАНД

Тавре  «Ҷумҳурият» хабар дода буд, бар асари  фаромадани селҳои азим аз ҳудуди  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ду қитъаи шоҳроҳи  байналхалқии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Кулма ба масофаи зиёда аз як километр   дар  мавзеъҳои Хостав ва Ширговади ҳудуди Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз  бо сабаби дам хӯрдани дарёи Панҷ зери об монд.
Баъди бо супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои ҳодиса омадани Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода,  муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед, муовини Сарвазир Азим Иброҳим, вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода ва  масъулини соҳаи роҳдорӣ корҳои барқарорсозии пайомади офати табиат суръати тоза касб намуданд. Ҳаракати нақлиёти автомобилӣ то деҳаҳои Ёгед ва Ширговад кушода шуд.
Барои  пурра аз нав барқарор кардани ин қитъаи мушкилгузари роҳ фурсати муайян зарур аст. Ҳоло  мутахассисони пуртаҷрибаи кишвар дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ роҳи нав месозанд. Кор  ин ҷо шабу рӯз бомаром идома дорад. Роҳсозон бо хӯроки гарм ва шароити кору истироҳат таъминанд. Имрӯзҳо иртиботи нақлиётӣ тавассути роҳи баландкӯҳи ағбаи Хобурубот ҷараён мегирад. Як ҳафта боз боркашонии таъҷилӣ, пеш аз ҳама, маводи хӯрока ва асбобу анҷомҳои зарурии рӯзгор ба шаҳру навоҳии Бадахшон идома дорад.
Ба гуфтаи муовини аввали раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умеди Саидҷон,  ҳоло коргарони муассисаи нигаҳдории роҳҳои ноҳия бо кумаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии вазорату идораҳои  мамлакат  ба тахту ҳамворкунии  роҳи ағбаи Хобурубот ва  пулҳои мошингузари мавзеъҳои Фаркинг, Дударгӣ,  Қалъаиҳусайн ва Дашти Шер  машғуланд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2017    №: 152    Мутолиа карданд: 309

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед