logo

маориф

ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН. Мушкилот ҳанӯз зиёданд

Раванди баланд бардоштани сатҳи малака ва маҳорати касбии омӯзгорон дар минтақаҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Ин  суолест, ки на танҳо посух, балки таҳлили ҷиддиро тақозо менамояд. Бавижа, дар замони муосир, ки аз илмҳои ҷадид, таҷрибаҳои тозаи педагогӣ ва техникаву технологияҳои навтарин баҳравар будан ва дар ҷараёни таълим истифода намудани онҳо хеле муҳим мебошад.
Бино ба гуфтаи Хоналӣ Қурбонзода, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, сари вақт ҷудо нагардидани маблағ барои такмили ихтисоси омӯзгорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ба роҳ монда нашудани бозомӯзии касбии омӯзгорони маълумоти омӯзгорӣ надоштаву ғайри ихтисос фаъолияткунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз мушкилоти асосии соҳа ба шумор мераванд.
Мушкилоти дигар, тибқи нақша ба курсҳои такмили ихтисос равона нашудани омӯзгорону кормандони соҳа аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мебошад. Барои бартараф намудани ин камбудӣ ба таври сайёр гузарондани қисми муайяни курсҳои такмили ихтисос дар филиалҳои донишкада мебошад, ки ҳалли пурраи мушкилиро таъмин карда наметавонад. Х. Қурбонзода вобаста ба мушкилоти мазкур иброз дошт: “Дар нимсолаи аввали соли 2017 нақшаи фарогирии омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар мутаносибан аз 21 то 52 дарсад иҷро гардид. Намояндагони баъзе ноҳияҳо ягон нафар омӯзгор ва кормандони соҳаи маорифро ба курсҳои баландбардории маҳорати касбӣ нафиристоданд, ки басо ташвишовар аст. Аксари масъулони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо набудани маблағро асос карда, иштироки шунавандагонро дар курсҳои такмили ихтисос таъмин намекунанд. Бинобар ин, мувофиқи қарори ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илм шурӯъ аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба таври истисно як маротиба барои омӯзгорони ноҳияҳои дурдаст курсҳои сайёри такмили ихтисосро дар минтақаи Рашт ташкил намудем. Дар натиҷа 254 нафар омӯзгору корманди соҳаи маориф аз курсҳои баландбардории маҳорати касбӣ гузаштанд”.
Тибқи моддаи 35 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” пардохти маблағи сафархарҷии шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад. Ин ҳолат мушкилоти зиёдеро ба бор меорад. Масъулони соҳа пешниҳод доранд, ки барои рафъи вазъи баамаломада маблағгузории соҳа мутамарказонида шуда, омӯзгорон бе мушкилӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаранд.
Масъалаи муҳими дигар бозомӯзии худи кормандони донишкада аст. Муҳимият ва роҳҳои ташкили он дар Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 мушаххас гардидаанд, вале ҷараёни аз нақшаву дурнамо ба амалӣ шудани тадбирҳои пешбинишуда гузаштан саволи матраҳ аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,  "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2017    №: 152    Мутолиа карданд: 1686

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед