logo

иқтисод

КАРТОШКА. ЧАРО ИМКОНИЯТҲОИ ИСТЕҲСОЛ ПУРРА ИСТИФОДА НАМЕШАВАНД?

Ҳиссаи картошка  дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноати коркарди маводи хӯроквории мамлакат  ниҳоят калон аст. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ин соҳаи муҳими кишоварзӣ тадбирҳои муҳим роҳандозӣ шудаанд. Маҳз натиҷаи ҳамин назорати ҷиддӣ буд, ки истеҳсоли картошка аз 230 – 250 ҳазор то  1 миллион тонна афзуд ва ҷумҳурӣ дар бобати таъмини аҳолӣ  қариб ба худкифоӣ расид. 
Олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва гурӯҳи соҳибкорони маҳаллӣ имсол баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар мавзеи Канаски шаҳри Ваҳдат ба кишти 10 навъи картошкаи тезпази элитию репродуксионӣ даст заданд. Ин мавзеъ пеш санглоху нокорам буд ва азхуд кардани он ҳамин мавсим оғоз ёфт. Баъди тоза кардани заминҳои санглох  дар майдони 200 гектар  308 тонна картошкаи тухмӣ шинонданд. Айни ҳол нашъунамои ниҳолҳои картошка ва дигар зироатҳои киштшуда хуб аст.
- Бо саъйи соҳибкорони ватанӣ барои  кишоварзони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз Федератсияи Русия  295 тонна картошкаи тухмӣ ворид  гардид, ки ба деҳқонони картошкапарвар тақсим карда шуд.  Ҳосили  картошкаи   мавзеи Канаск ва тухмиҳои элитаю репродуксияи якуми воридкардаро  ба хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ  барои такрористеҳсолкунӣ тақсим карда,  дар соли оянда сифати тухмиро беҳтар мегардонем, - мегӯяд Ҷамила Саидова, муовини вазири кишоварзӣ. – Баҳору аввалҳои тобистони соли равон гарм омад ва деҳқонони картошкапарварро ба мушкилот мувоҷеҳ намуд. Вазъи имсоларо ба инобат гирифта, аз ҳоло тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Картошка зироати серхарҷ аст ва на ҳар деҳқон ғайрати бо он сару кор гирифтан мекунад. Танҳо барои кишти як гектар камаш 3 – 3,5 тонна тухмӣ лозим мешавад. Зимистони соли 2017 сербориш омаду бисёр картошкакорони водӣ имкон пайдо накарданд, ки тухмӣ дастрас намуда, киштро  сари вақт ба анҷом расонанд. Вақте бархе ба ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Деваштич барои хариди тухмӣ рафтанд, нархи он боло рафта буд. 
Мавриди зикр аст, ки тӯли ду – се соли охир кишоварзони қисмати ҷанубии вилояти Хатлон майдони кишти картошкаро хеле васеъ намуданд, вале маълум мешавад, ки ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надоранд ва агротехникаи коркарди ин зироатро дуруст аз худ накардаанд. Масалан, ду деҳқон паҳлуи ҳам картошка кишт карда, яке ҳосили баланд гирифтаасту дигаре паст. Вақте фаъолияти онҳоро бо ҳам муқоиса намуданд, доштану надоштани таҷриба натиҷаашро собит сохт. Деҳқони ҳосили баландгирифта,  муҳлати мувофиқи обёрӣ ва ғизодиҳиро риоя намуда, ба ҳар гектар ба ҳисоби миёна 35 – 40 тонна пору андохта, 2 – 3 маротиба ғизо додааст. Натиҷаи имсолаи бадастовардаи картошкакорон нишон дод, ки афзудани майдони кишти ин зироати асосӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба фоидаи истеъмолкунандагон анҷом ёфтааст. Агар 142 ҳазор тонна картошкаи барвақтӣ намебуд, нархи он дар бозорҳои мо боз ҳам гаронтар мешуд. Мебояд мутахассисони вазорат ва соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти картошкакоронро таҳлили дуруст намуда, ба хулосае оянд, ки деҳқон дар интихоби тухмӣ душворӣ накашаду дар вақти коркарди байни қаторҳо бемаслиҳатгар намонад. Кормандони соҳаи агрономӣ бояд аз аввали сол то охири он дар паҳлуи деҳқонон бошанд. Тоҷикистон дорои имкониятҳои хуби хеле зиёдтар истеҳсол намудани картошка аст. Ин имкониятҳоро пурра истифода намудан ба манфиати ҳам истеҳсолгар ва ҳам истеъмолкунанда мебошад.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2017    №: 153-154    Мутолиа карданд: 561

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед