logo

иҷтимоиёт

ДАР МИЁНИ МАРДУМ

Бисёр хуб аст, ки вобаста ба баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ чанд соли охир сафари кории гурӯҳи тарғиботӣ ба шаҳру деҳоти кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Ин гуна сафарҳои муфиду пурмуҳтаво дар пойдории ваҳдати миллӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, ошноии бештари дастовардҳои истиқлолият, сиёсати хирадмандона ва созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мусоидат мекунанд. Чунин сафарҳо бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, тарғиби Паёми навбатӣ низ доир гардиданд.
Гурӯҳи кории мо зимни мулоқоту вохӯриҳо  бо фарогирии шумораи зиёди сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент - фаъолон, занон, ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён, соҳибкорон, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, ходимони дин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ки дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Панҷакент, беморхонаи марказии шаҳр, ҷамоатҳои деҳоти Саразм, Чинор, Косатарош, Сӯҷина, Халифа Ҳасан ва ба номи Лоиқ Шералӣ баргузор шуданд, оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, пайомадҳои сулҳи пойдор, суботи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар, бунёди пояҳои давлатдории муосир ва эъмори давлати воҳид ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом, фазои озоди бунёдкориву созандагӣ, ки аз сиёсати хирадмандона,  иқдомоту ташаббусҳои фарогиру ҷаҳоншумул ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, мубодилаи афкор намуданд. 
Дар рафти вохӯриҳо, вобаста ба татбиқи амалии дастуру нишондодҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин, татбиқи самарабахши нишондодҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва роҳандозии чорабиниҳои мухталиф бо мақсади тарбияи маънавӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, дарки масъулиятшиносӣ байни тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон, сабабу омилҳои ба фарҳанги бегона тақлид намудани баъзе аз занону ҷавонон, гароиши онҳо ба ҷараёну равияҳои ифротгаро ва тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Мавриди зикр аст, ки яке аз нуктаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон ба шумор рафта, он омили таҳкимбахши раванди татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат  арзёбӣ мегардад.
Вобаста ба ин, дар рафти вохӯриҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ оид ба таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами  миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, ҳаллу фасли мушкилоти онҳо, истифодаи оқилона аз ин захираи стратегӣ ва зеҳнии миллат ба хотири ободиву шукуфоии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа, фаро гирифтани насли ояндасози ҷомеа ба касбомӯзӣ, донишандӯзию бунёдкорӣ, ки аз моҳияти таърихӣ, сиёсию стратегӣ ва  иҷтимоӣ-демографии эълон гардидани Соли ҷавонон бармеояд, диққати махсус дода шуд.
Дар робита ба иҷрои нишондодҳои Паём дар рафти мулоқоту вохӯриҳо қайд гардид, ки дар замони муосир вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат ёфтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин, таъсири фарҳангу мафкураи бегона ба зеҳни аҳли ҷомеа масъалаҳои  таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва субот дар ҷомеа аҳамияти хоса пайдо намуда, ҳамчун вазифаҳои муҳими ҷомеасозӣ бо ҷараёни рушди минбаъдаи ҳаёти кишвари мо, тарбияи ҳисси ватандӯстии тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан ҷавонон  робитаи ногусастанӣ пайдо мекунанд.
Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба ифтихори 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон китобе таҳти унвони «Суханшиносони диёри куҳан» таҳия ва чоп гардид,  ки дар он   оид ба  таърихи Панҷакент, саҳми  фарзандони ин сарзамин дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи забоншиносӣ, рушду нумӯи илму фарҳанг ва донишҷӯёни ин шаҳру деҳот, ки дар донишкада таҳсил менамоянд, маълумоти  муфид дарҷ гардидааст.
 Зимни мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи корӣ дар маркази шаҳр ва деҳоти Панҷакент ин китоб ва сипосномаҳои донишкада  ҳамчун рамзи қадрдонии меҳнати софдилонаи фарзандони ин диёр  ба волидайни донишҷӯён ва намояндагони  шуъбаи маорифи шаҳр тақдим  гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки тамоми маърӯзаҳо ва суханрониҳои гурӯҳи таблиғотӣ оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, махсусан саҳм ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дар заминаи факту рақамҳои воқеӣ, далелҳои  қотеона ва боварибахш ироа гардиданд, ки он бори дигар эътимоду боварии сокинони шаҳру деҳоти Панҷакентро нисбат ба сиёсати Сарвари давлат мустаҳкам намуданд.
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
роҳбари гурӯҳи корӣ, ректори
Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2017    №: 157    Мутолиа карданд: 150

21.08.2017


Ассотсиатсияи нархгузорӣ таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Полиси Барселона гумонбари асосии амали террористиро ҷустуҷӯ дорад

Русия дар кори расондани ёрии башарӣ аз ҷумлаи пешсафони дунёст

Қирғизистон метавонад худро бо шакар таъмин созад

Инқилоби гази тахтасангӣ дар Чин

ИМА баъди торумори «ДИ» дар Сурия монданӣ нест

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед