logo

иҷтимоиёт

ЁВОН. ҶАЛБИ БАХШИ ХУСУСӢ ДАР РУШДИ ВАРЗИШ

Гузориш аз семинар – машварати ҷавонон
Чанде қабл, дар ноҳияи Ёвон, семинари вилоятии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Механизмҳои ҷалби сектори хусусӣ дар рушди соҳаи варзиш», ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо варзишгарон моҳи декабри соли 2010 бармеояд, доир гардид.
Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, оид ба комёбиҳои соҳаи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ, дастгирии соҳибкорон ба хотири рушди варзиш ва бунёди иншооти гуногуни ин соҳа, ташвиқу тарғиби иқдомҳои соҳибкорони ноҳияи Ёвон ва дигар шаҳру навоҳии вилоят ибрози назар намуд.
Варзиш як рукни муҳими ҳаёти ҷавонон маҳсуб мегардад ва он яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ намудани давлат ва миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ба ин хотир, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҷиҳати ривоҷу равнақи ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, маблағгузориро ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш сол ба сол беҳтар менамояд. Алҳол дар ноҳия 1 варзишгоҳ, 184 майдонча, 33 толори варзиш, 3 ҳавзи шиноварӣ, як маҷмааву як мактаби варзишӣ мавриди истифода қарор дорад, ки бештари онҳо бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидаанд.
Соли равон дар доираи таҷлили Соли ҷавонон дар ҳудуди ноҳия чор иншооти варзишӣ – майдони хурди футбол дар шаҳраки Ёвон ва майдонҳову толори варзишӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав ва Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ноҳия робитаи варзишгарон ва соҳибкорон низ хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ин ҷост, ки соҳибкорони саховатпеша варзишгарони дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкаткунандаро сарпарастӣ менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории чунин семинарҳо аз як тараф таблиғу тарвиҷ ва роҳандозии мактаби пешқадами варзишгарони ноҳияи Ёвон ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон маҳсуб гардад, аз сӯи дигар ба таври васеъ истифода бурдан аз иншоотҳои сохташудаи варзишӣ ва ба ин васила тарбия намудани ҷавонони солиму ватандӯсту ватанпараст мебошад.
Миралӣ ОДИНАЕВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2017    №: 158    Мутолиа карданд: 292

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед